Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндон барои "хабари дурӯғ дар бораи артиш" дар Русия


Думаи давлатии Русия
Думаи давлатии Русия

Русия қонунеро қабул кард, ки барои “ахбори дурӯғ дар бораи артиш” ҳукми зиндон пешбинӣ мекунад

Думаи давлатии Русия рӯзи ҷумъа дар қироати севум тағйиротеро ба қонунгузорӣ қабул кард, ки барои паҳн кардани иттилои дурӯғ дар бораи амалиёти низомиёни ин кишвар зидди Украина ҷавобгарии ҷиноӣ ва ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин банди иловашаванда ба Кодекси ҷиноии Русия барои паҳни иттилое дар бораи фаъолияти артиш, ки додгоҳ онро "дурӯғи огоҳона" эътироф мекунад, ҷарима ё то се соли зиндонро пешбинӣ менамояд.

Агар шахс ҳангоми паҳн кардани ин иттилоъ аз мақоми худ суистифода кунад ё дар он ангезаҳои худҳона ва ё “далелҳои сунъӣ” дида шавад, ба вай аз 5 то 7 сол зиндон таҳдид хоҳад кард. Дар сурати оқибатҳои сангин доштани итттилои дурӯғ муҳлати ҷазо то 15 сол хоҳад шуд.

Банди мазкур ҳамчунин барои "даъватҳо ба пешгирӣ аз истифодаи нерӯҳои Русия ба хотири ҳифзи манфиатҳои кишвар" ё "бад ном кардани чунин истифодаи артиш" ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ карда, дар сурати такрори амал ҷазо то се соли зиндон хоҳад буд.

Сомонаҳои як қатор расонаҳо, аз ҷумла бахши русиягии Радиои Озодӣ, шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер шаби панҷшанбе ба ҷумъа дар ҳудуди Русия баста шуданд.

XS
SM
MD
LG