Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон хоки Украинаро тарк кардаанд


Паноҳҷӯёни украинӣ дар марзи Руминия
Паноҳҷӯёни украинӣ дар марзи Руминия

Дар пайи ҳамлаи низомии Русия, беш аз 900 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Украина кору таҳсил доштанд, қаламрави ин кишварро тарк кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 3-юми март бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дод. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар умум чаҳор ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Украина сабти ном шуда буданд.

"Дар як рӯзи охир, ба далели бад шудани вазъият, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Украина рафтан мехоҳанд, афзудааст. Дар ҳоли ҳозир 823 нафар ба Лаҳистон (Полша) ва 121 нафар ба Молдова рафтаанд," -- навишт ТАСС.

Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтаанд, маълумот метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад, чун навбатпойӣ дар марзи Украина бо Полша ва Молдова зиёд аст. Айни замон таъкид кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина осеб надидаанд.

"Се шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳайати нозирони вижаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо кор мекунанд, ба шаҳри Ростови лаби Дон интиқол дода шуданд," – хабар додааст ТАСС. Хабаргузорӣ мегӯяд, сафорати Тоҷикистон дар Киев ба таври шабонарӯзӣ кор мекунад, вале ду кормандаш ба Кишинёв ва Лвов рафтаанд.

XS
SM
MD
LG