Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Лавровро дар як нишасти байналмилалӣ “бойкот” карданд


Женева, 1-уми март
Женева, 1-уми март

Чанде аз дипломатҳо, аз ҷумла аз Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё рӯзи 1-уми март суханронии Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русияро дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид "бойкот" кардаанд.

Иқдоми онҳо дар посух ба ҳамлаи низомии Русия ба Украина сурат гирифт. Чанде аз расонаҳо гуфтанд, "бойкот" замоне оғоз шуд, ки паёми видеоии қаблан сабтшудаи Лавровро пахш карданд.

Ҷанги Русия дар Украина ба рӯзи шашуми худ ворид шуд ва гузориш мерасад, ки артиши Русия дар ҳошияҳои шаҳри ҷанубии Херсон посгоҳ гузоштааст ва корвони азими низомие ба самти Киев ҳаракат мекунад. Айни замон Русия гуфт, рӯзи 1-уми март шаҳри бандарии Мариуполро муҳосира кардааст.

Аксҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки корвони мошинҳои низомии Русия ва тӯпхонаҳо бо дарозии 65 километр ба шаҳри Киев пойтахти Украина наздик мешаванд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ин иқдоми Русияро талоше барои муҳосира ва назорати калонтарин шаҳри он кишвар медонанд.​

Пеш аз ин хабарҳо музокироти ҳайатҳои Русияву Украина дар марзи Беларус бенатиҷа анҷом ёфт.

XS
SM
MD
LG