Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон аз Украина ба Аврупо рафтаанд. ВИДЕО


Донишҷӯёни тоҷик аз Украина ба Лаҳистон фирор кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:19 0:00

Чанде аз донишҷӯёни тоҷик дар наворе ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки чӣ гуна марзи Лаҳистонро гузаштанд, Видеоро дар инҷо бинед

Сафорати Тоҷикистон дар Киев эълон кард, ки 4 ҳазор шаҳрванди кишвар дар Украина қарор доранд ва аз ин шумора 101 нафари онҳо донишҷӯ ҳастанд.

Ба иттилои мақомот, то субҳи 28-уми феврал 200 нафари онҳо эълон кардаанд, ки нияти берун аз рафтан аз Укрианаро доранд. "Аз ин шумора 76 нафар мустақилона ба Полша ва 45 нафар ба Молдова рафтанд," -- омадааст дар хабари расмӣ.

ДАР УКРАИНА ЧӢ МЕГУЗАРАД? ИНҶОРО ПАХШ КУНЕД

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир шаҳрвандони кишвар метавонанд, "бе раводид (виза) ба муддати кӯтоҳ, маъмулан барои 14 рӯз" аз Украина ба Лаҳистон, Руминия ва Молдова раванд. Аммо гуфта шудааст, онҳо санади тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуҷҷатҳои дигарро бо худ дошта бошанд.

"Шаҳрвандоне, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, бояд талаботи ҳолати низомиро қатъиян риоя кунанд, ором бошанд ва ба қадри имкон дар ҷои истиқомати худ бимонанд," – гуфта шудааст дар баёнияи сафорати Тоҷикистон дар Украина.

XS
SM
MD
LG