Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ҳарими ҳавоияшро барои ҳавопаймоҳои Русия баст


Урсула вон дер Лейен
Урсула вон дер Лейен

Раиси Кумисюни Аврупо, Урсула вон дер Лейен, гуфт, Иттиҳоди Аврупо ба далели ҳамлаи Маскав ба Украина ҳарими ҳавоияшро ба рӯйи ҳавопаймоҳои Русия мебандад.

Дар ин бора вазирони корҳои хориҷии ИА тасмим гирифтаанд. Нишасти онҳо рӯзи 27-уми феврал дар Брюссел баргузор шуд.

"Пешниҳод мекунем, парвози ҳавопаймоҳое, ки ба Русия тааллуқ доранд, дар Русия номнавис шудаанд ва ё зери назорати Русия ҳастанд, манъ карда шаванд. Ин ҳавопаймоҳо дигар наметавонанд, дар хоки Иттиҳоди Аврупо поин оянд ё аз болои он бигузаранд," -- гуфт Урсула вон дер Лейен дар нишасти хабарӣ.

Бисёре аз кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Финландия ва Чехия, пештар эълом карда буданд, ки ҳарими ҳавоии худро барои ҳавопаймоҳои Русия мебанданд.

XS
SM
MD
LG