Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон забҳи чорво дар маросими дафнро манъ кард


Содир Ҷабборов.
Содир Ҷабборов.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо имзои як фармон забҳи чорворо дар маросимҳои дафн манъ кард.

Ӯ дар саҳфаи "Фейсбук"-аш навишт, ки "забҳи чорво дар маросими дафн барои ҳамаи шаҳрвандони Қирғизистон, сарфи назар аз он ки имконият доранд, ё не, манъ карда шуд".

Ба гуфтаи Ҷабборов, вақтҳои ахир маросимҳои дафн дар Қирғизистон ба зиёфатдиҳӣ табдил ёфта буданд. "Хонаводаҳои камбизоат бо шахсони сарватманд рақобат карда, ягона говашонро дар маросими дафни азизонашон забҳ мекунанд", - афзудааст президенти Қирғизистон.

Ҷабборов ба мақомотҳои маҳалии Қирғизистон дастур додааст, ки дар ин замина миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, назорати иҷрои фармони ӯро таҳти назорати ҷиддӣ бигиранд.

XS
SM
MD
LG