Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Аврупо ба зидди Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунад


Нишасти изтирори раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, 24-уми феврали 2022
Нишасти изтирори раҳбарони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел, 24-уми феврали 2022

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо тавофуқ карданд, ки дар посух ба ҳамлаи, ба гуфтаи онҳо, "ваҳшиёна"-и Владимир Путин ба Украина алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд. Ин таҳримҳо, ба қавли онҳо, "пайомадҳои густарда ва сангин" хоҳад дошт.

Чораҳои муҷозотӣ бахши молия, энержӣ ва нақлиёти Русияро ҳадаф қарор дода, инчунин, маҳдудиятҳоро ба содирот ва маблағгузории Русия дар бар мегирад.

Аврупо ҳамчунин шахсони бештареро аз Русия ба феҳристи таҳримҳои қаблан эълоншуда ворид мекунад.

Раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо рӯзи 24-уми феврал дар нишасти изтирорӣ дар Брюссел ба ҷорӣ кардани таҳримҳо ба мувофиқа расиданд.

Иттиҳоди Аврупо, инчунин, ҳадаф дорад, дороиҳои Русияро дар дохили кишварҳои узв баста, дастрасии бонкҳои Русияро ба бозорҳои молиявии Аврупо боздорад. Ин як ҷузъи таҳримҳое хоҳад буд, ки раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Ҷозеп Боррел "сахттарин” тавсиф кардааст.

Александр де Кро, нахуствазири Белгия, гуфт, "таҳримҳои мо ба дили иқтисоди Русия осеб хоҳанд расонд."

XS
SM
MD
LG