Президенти муассисаҳои байналхалқии омӯзишии "Сапат" дар Қирғизистон Орҳан Инондӣ зери фишори сахт ва шиканҷа ба муфаттишони Туркия баёнот додааст.
Вакили дифои ӯ Халил Иброҳим Йилмаз 20-уми феврал ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар ин бора хабар дода, гуфт, Инондӣ дар мурофиаи 3-юми феврал бори дигар изҳор дошт, ки бо ягон гуруҳи террористӣ робита надорад ва дар давоми 37 рӯзи боздошташ, ки аз вай баёнот мегирифтанд, борҳо таҳти фишор ва шиканҷа қарор гирифтааст.
Парвандаи Инондиро бо айби идораи созмони мусаллаҳи террористӣ Додгоҳи олии Туркия баррасӣ мекунад ва додситонӣ барои ӯ аз 15 то 20 соли зиндон талаб дорад.
Президенти мактаби байналмилалии "Сапат" шаби 1-уми июн дар Қирғизистон нопадид шуд. Мошини ӯро дар роҳ пайдо карданд. Дертар, 5-уми июл Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия хабар дода буд, ки Орҳан Инондӣ аз Қирғизистон ба Туркия бурда шудааст.
Ба қавли Эрдуғон, амалиёти ба Туркия овардани Инондиро Созмони миллии иктишофӣ анҷом додааст. Эрдуғон аз Орҳан Инондӣ "мудири ФЕТО дар Осиёи Марказӣ" ном бурд. "Мо ба ҳеч сохторе иҷоза намедиҳем, ки камин гирад, хун резад ва ё зарари моливу маънавӣ орад ва мавҷудияташро идома диҳад", - гуфт Эрдуғон.
Орҳан Инондӣ зодаи Туркия ва яке аз бунёдгузорони шабакаи мактабҳои "Сапат"-у донишгоҳи "Отатурк Ала-Тоо" мебошад. Ӯ шаҳрвандии Қирғизистонро дорад.