Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блинкен мегӯяд, "Русия дар остонаи ҳамла ба Украина аст"


Энтони Блинкен
Энтони Блинкен

Вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи 20-уми феврал гуфт, ба назар мерасад, Русия дар остонаи ҳамла ба Украина қарор дорад. Энтони Блинкен афзуд, тамдиди машқҳои муштараки Русияву Беларус дар наздикии марз бо Украина низ нигарониҳоро бештар мекунад.

Блинкен ҳамчунин гуфт, раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден омода аст, бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин "дар ҳар вақт ва дар ҳама шакл" мулоқот кунад.

Байден ду рӯз пеш ҳушдор дода буд, ки Путин аллакай тасмим гирифтааст, ба Украина ҳуҷум кунад. Блинкен гуфт, Вашингтон ҳар кори мумкинро мекунад, то Путинро аз роҳаш боздорад.

Вазири умури хориҷии Амрико дар суҳбат бо шабакаи телевизионии CNN гуфт, дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина, Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш алайҳи Маскав "бастаи азим"-и таҳримҳоро омода кардаанд.

Блинкен ҳамзамон гуфт, ният дорад, ҳафтаи оянда дар Аврупо бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров мулоқот кунад, агар, ба гуфтааш, то он замон ҳамла сурат нагирад.

Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки дар наздикии марзи Украина ҳудуди 150 000 сарбози рус ҷамъ шудаанд. Маскав исрор дорад, ки қасли ҳамла ба ҳамсояашро надорад.

XS
SM
MD
LG