Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гоҳ компютерро мекофтанд, гоҳ варақҳоро." Чанд суоле, ки бепосух монд. ВИДЕО


Нишасти матбуотӣ дар идораи маорифи минтақаи Кӯлоб
Нишасти матбуотӣ дар идораи маорифи минтақаи Кӯлоб

Нишасти хабарӣ дар Идораи маорифи минтақаи Кӯлоб баҳсбарангез шуд.

Намояндагони он барои посух додан ба пурсиши хабарнигорон гоҳ компютерро мекофтанд ва гоҳ варақҳоро тагурӯ мекарданд. Баъзан рақаму маълумотро бо ҳам омехта менамуданд.

Ин ҳолат эътирози баъзе аз хабарнигоронро пеш овард, ки масъулон ба нишасти хабарӣ бе омодагӣ меоянд.

Яке аз суолҳои чолишбарангез дар бораи хонандагони дорои имконияташон маҳдуд буд. Саволи бепосух хабарнигори маъюбро ғамгин кард. Манучеҳр Раҳматуллоев дар Фейсбук навиштааст, ки идораи маорифи минтақа ба ҳамтақдирони ӯ таваҷҷуҳ намекунад.

Ба суоли хабаринори Радиои Озодӣ, ки чӣ қадар китоби дарсӣ намерасад, посух дода нашуд. Аммо Бахтиёр Раҷабов, сармутахасиси Раёсати маорифи минтақаи Кӯлоб, ба ҷойи ислоҳи худ, баъд аз нишасти хабарӣ хашми худро ба сари хабаринигор холӣ кард.

Ӯ гуфт, “ҳадди худатро бидон, ба иззати нафси одам расида истодаӣ.” Ва ҳамзамон гила кард, ки дар даҳ шаҳру ноҳия се кас кор мекунанд. Раёсате, ки то чанд сол пеш мустақил буду даҳҳо коргар дошт ва аз ҳаққи санҷишу гирифтани ҳисоботи мактабҳои минтақа бархурдор буд. Ҳоло ин мустақилӣ аз идораи маорифи минтақа гирифта шуда, салоҳият ва амали он маҳдуд гаштааст.

Дар даҳ шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб 590 муассисаи таълимӣ сабт шудааст.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

XS
SM
MD
LG