Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Беларус машқҳои низомиро дароз карданд


Нерӯҳои Русия ва Беларус
Нерӯҳои Русия ва Беларус

Вазири мудофиаи Беларус гуфт, Маскаву Минск муҳлати баргузории машқҳои муштаракро дароз карданд.

Тамринҳои низомии ду кишвар 10-уми феврали имсол оғоз шуда, бояд 20-уми феврал ба поён мерасиданд. Ба назар мерасад, Маскав бо ин иқдом фишорро ба Украина бештар мекунад.

Виктор Хренин, вазири дифои Беларус, рӯзи 20-уми феврал дар баёнияе гуфт, ин тасмим дар пайванд ба "афзоиши фаъолиятҳои низомӣ дар наздикии сарҳади Русия ва Беларус ва афзоиши таниш дар шарқи Украина гирифта шудааст."

НАТО мегӯяд, Русия дар Беларус то 30 ҳазор сарбоз дорад ва метавонад онҳоро ба ҳамла ба Украина истифода барад. Маскав ҳар гуна гуна қасди ҳуҷумро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG