Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонсон гуфт, ширкатҳои русиро аз доллар маҳрум мекунанд


Борис Ҷонсон
Борис Ҷонсон

Нахуствазири Бритониё ҳушдор дод, ки дар сурати ҳамлаи Русия ба Украина, Вашингтону Лондон дастрасии ширкатҳои русиро ба доллари амрикоӣ ва асъори бритониёӣ қатъ хоҳанд кард.

Борис Ҷонсон 20-уми феврал ба Би-би-сӣ гуфт, "нақшае, ки мебинем, метавонад, воқеан ҷанги бузургтарин дар Аврупо аз соли 1945 бошад, вале танҳо аз рӯйи миқёс." Вай афзуд, дар сурати ҳамла, Ғарб нисбат ба Русия таҳримҳои сахттаре ҷорӣ хоҳад кард.

Ҷонсон ба гунаи мисол гуфт, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳида дасти ширкатҳои русиро барои додуситад "бо фунт ва доллар" кӯтоҳ мекунанд ва ин иқдом, ба қавли ӯ, таъсири "хеле сахт" хоҳад расонд.

Русия яке аз содиркунандагони бузурги нафт, газ ва маъданҳои ҷаҳон аст, ки асосан бо доллари амрикоӣ нархгузорӣ ва ҳисоб карда мешаванд. Аз ин рӯ, ҷилавгирӣ аз дастрасии ширкатҳои русӣ ба доллар метавонад, таъсири ногувор дошта бошад.

XS
SM
MD
LG