Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи табрикӣ ба унвонии президенти ИМА ҷо Байден ба муносибати 30-солагии барқарории равобити дипломатии миёни ду кишвар ИМА-ро “шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ" номид. Матни барқияҳои табрикии ду раҳбар ба ҳамдигар рӯзи 19-уми феврал дар вебсайти президенти Тоҷикистон нашр шуд. Дар барқияи раҳбари Тоҷикистон аз ҷараёни ҳамкориҳову «рушди равобити дӯстонаи» Душанбеву Вашингтон изҳори қаноатмандӣ шудааст. Раҳмон, аз ҷумла, изҳори омодагӣ кардааст, ки «ҷиҳати густаришу тавсеаи бемайлони муносиботи гуногунҷанбаи ду кишвар ва бештар ғанӣ гардондани мазмуну муҳтавои онҳо бо ҷанбаҳои нави амалӣ минбаъд низ иқдомҳои муштаракро дар сатҳҳои мухталиф роҳандозӣ намоем».
Дар табрикномаи Ҷо Байден, ки дар ҳамин ҷо нашр шудааст, аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ шудааст. Байден гуфтааст: «Дар раванди идомаи ҳамкориҳо мо ҳадафҳои умумии амниятии худро, аз ҷумла дар самти шарикии муассир дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйирёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳем бурд». Президенти ИМА изҳори умедворӣ кардааст, ки шарикии ду кишвар «ба шукуфоии бештар, амният ва адолат барои ҷомеаҳои мо ва тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард».
ИМА поёни соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва рӯзи 18-уми феврали соли 1992 ду кишвар бо ҳам робитаҳои дипломатӣ барқарор карданд. Дар муддати даҳ соли баъдаш дар кишварҳои ҳамдигар сафоратхонаҳо боз шуданд. Дар давоми сӣ соли гузашта Амрико дар маҷмуъ ҳудуди 2 миллиард доллар ба Тоҷикистон кумак кардааст.