Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина Русияро ба барангехтани иғво муттаҳам кард


Донбасс. 9-уми феврали соли 2022. Сарбози украинӣ дар хандақ.
Донбасс. 9-уми феврали соли 2022. Сарбози украинӣ дар хандақ.

Мақомоти Украина рӯзи 18-уми феврал гуфтанд, ки дар 24 соати гузашта, нақзи зиёди созиши оташбас аз тарафи ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русияро сабт кардааст. Айни замон Амрико мегӯяд, ки Русия барои барангехтани иғво ҷиҳати ҳамла ба Украина дар чанд рӯзи оянда омодагӣ мегирад.

Артиши Украина дар як гузорише гуфт, ки дар як шабонарӯзи гузашта 60 мавриди нақзи созиши оташбасро сабт кардааст ва аз ҷумла як сарбози онҳо маҷруҳ шудааст. Ба гуфтаи фармондеҳони украинӣ, ҷудоитабалон ба бештар аз 10 маҳалла бо истифода аз тӯпхона, минамёт ва тонк оташ кушодаанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина афзоиши тирандозӣ дар минтақаи байни неруҳои давлатӣ ва ҷудоиталабонро “иғвои бузург” номидааст.

Дар инҷо рӯзи 18-уми феврал ба як кӯдакистон ҳамла сурат гирифтааст ва ду ғайринизомӣ осеб дидаанд. Украина аз соли 2014 то кунун бо ҷудоиталабони тарафдори Русия дар шарқи кишвар меҷангад ва аз он замон то кунун бештар аз 13200 нафар кушта шудаанд.

Энтони Блинке, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 17-уми феврал дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал гуфт, ки Русия “ба самти ҷанг қадам мебардорад”, вале ягона роҳи масъулонаи ҳалли буҳрон, дипломатия аст. Русия дар марзи Украина бештар аз 100 ҳазор неруи низомии худро басиҷ кардааст ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, мумкин аст, ба Украина ҳамла кунад.

XS
SM
MD
LG