Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 100 нафар дар селобҳои Бразил


Паёмадҳои борандагӣ дар Бразил.
Паёмадҳои борандагӣ дар Бразил.

Шумораи қурбониёни сел ва лағзиши замин дар минтақаҳои куҳистонии Бразил рӯзи панҷшанбе ба 105 нафар расид. Хабаргузории "Рейтерз" бо нашри гузорише мегӯяд, интизор меравад шумораи қурбониёни борандагиҳои ҳафтаи ҷорӣ афзоиш ёбад. Тибқи ин гузориш, ҳудуди 500 нафар аз аъзои гурӯҳҳои наҷотдиҳанда якҷо бо мардуми маҳаллӣ дар ҳоли ҷустуҷӯи афроде ҳастанд, ки эҳтимол меравад дар миёни сел ва хоку лой монда бошанд. Аммо манбаъҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки ба хотири лой ва гил ва низ низ торикии шаб, амалиёти наҷот ба кундӣ пеш меравад. Дар байни ҳалокшудагон 13 нафари онҳо кӯдакон мебошанд ва тахмин зада мешавад ҳадиақал 35 нафар дар ҷараёни селобҳо нопадид шуда бошанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ҳанӯз муайян кардани шумораи дақиқи нопадидшудаҳо номумкин аст.

XS
SM
MD
LG