Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз латукӯби нозири барқ дар Панҷ, ду касро аз кор рондаанд. ВИДЕО


Латукӯби нозири барқро дар Панҷ тасдиқ карданд, аммо...
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00

Латукӯби нозири барқро дар Панҷ тасдиқ карданд, аммо...

Баъд аз латукӯби як нозири барқ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, мақомот ду корманди ин идораро аз кор рондаанд. Ҳодиса 7-уми январи имсол рӯй дода, дар он сокини ноҳия Саидбурҳониддин Ғиёсов ва пайвандонаш гумонбаранд.

Мақомот мегӯянд, нозири барқ Қосим Сатторов ҳангоми талаби пули барқ дар ноҳияи Панҷ аз косахонаи сару бинӣ осеб дидааст. Ҷониби дигар шарҳе надоданд. Мақомот ҳоло тасдиқ мекунанд, ки рафтори нозирони барқ гоҳе хуб нест.

Раҷабалӣ Бояков, муҳандиси "Шабакаҳои барқи ҷануб", ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, "сокинон аз ҳар нозир бояд ҳуҷҷат пурсанд. Вақте аз ӯ ҳуҷҷат талаб мекунанд, нишон намедиҳад. Гапҳои пасту баланд шуда, даъво мешавад."

Идораи пулиси ноҳияи Панҷ тафтишотро оғоз кардааст.

Нозирони барқ мегӯянд, сокинон пули барқро саривақт намесупоранд, ки гоҳе сабаби даъво миёни онҳо ва сокинон мешавад.

Қарзи сокинонро аз идораи барқ дар Хатлон 111 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд.

XS
SM
MD
LG