Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди Русия ба Украина бензинро дар Амрико гаронтар кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Таҷаммӯи нерӯҳои Русия дар марзи Украина дар давоми ҳафтаҳои ахир афзоиши бидуни танаффуси нархи нафтро дар пай дошт, ки дар ҳоли ҳозир баландтарин сатҳ дар ҳафт соли охир шумурда мешавад.

Коршиносони амрикоӣ ҳушдор медиҳанд, ки ҳамлаи густардаи Русия ба Украина метавонад ба як масъалаи муҳими сиёсӣ барои раисиҷумҳури Амрико, Ҷо Байден ва Ҳизби демократ табдил ёбад. Зеро ба гуфтаи онҳо, афзоиши ногузири нархи бензин яке аз пайомадҳои ҳамла хоҳад буд.

Нархи бензин дар Амрико дар давоми як сол 40 дарсад ва дар як моҳи охир 6 дарсад гаронтар шудааст. Ба ҳисоби миёна, ҳоло нархи як литр бензин дар Амрико ҳудуди як доллар аст. Дар сурати сар задани ҷанг миёни Русия ва Украина интиқоли нафт аз Русия зери хатар қарор мегирад.

Президенти Амрико дар паёми рӯзи сешанбеаш амрикоиҳоро бовар кунонд, ки маъмурияти ӯ барои пешгирӣ аз гароншавии нархи бензин дар Амрико тамоми абзорҳои худро истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG