Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон коргарони як ширкати дигар коршиканӣ карданд


Коршиканӣ дар Қазоқистон.
Коршиканӣ дар Қазоқистон.

Коргарони ширкати "Актаукрантехсервис", ки ба хизматрасонии чоҳи нафти Каламкаси вилояти Мангистау машғул ҳастанд, корпартоӣ эълом карданд. Онҳо талаби маоши бештар доранд. Корфармо корпартоии коргаронро тасдиқ кард. Коргарон аз фарқияти маош байни коргарон норозианд.

"Коргарони ширкатҳои дигар то 1200-1400 доллар маош мегиранд, мо нисфи онро. Мо маоши бештар талаб дорем", - гуфт як коргар, ки нахост номаш зикр шавад.

Мудири ширкати "Актаукрантехсервис" Ерлан Матайбоев гуфт, ки имкони иҷрои талаби коргаронро надоранд. "Коргарон истодаанду корпартоӣ мекунанд, ман чи кор кунам? Корпартоӣ мисли бемории гузаранда шудааст, як идда баромад, иддаи дигар аз паси онҳо мебароянд", - гуфт Матайбоев.

Дар шаҳри Жанаозени Қазоқистон рӯзи 15 феврал коргарони ширкати нафткаши "Озенмунайгаз" корпартоӣ карда буданд. Онҳо аз мақомот талабҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ доштанд.

Ин дар ҳолест, ки ибтидои моҳи январи имсол нахустин гирдиҳамоиҳо дар Қазоқистон дар ҳамин шаҳр шуруъ шуда буданд.

Коргарон "Озенмунайгаз" аз корфармо беҳсозии шароити корӣ ва афзоиши маошро талаб карданд. Ба ҷуз ин, эътирозгарон аз мақомот талаб карданд, ки шиканҷа қатъ ва эътирозгарони ҳаводиси моҳи январ фавран озод карда шаванд.

"Мо аз он маҳзунем, ки эътирозҳои осоиштаи дар Жанаозен шуруъшуда, ки баъдтар ба минтақаҳои дигари Қазоқистон интиқол ёфтанд, ба фоҷеа табдил шуданд. Ба хонаводаҳои кушташудаҳо изҳори ҳамдардӣ мекунем. Боздоштшудаҳо террорист нестанд, мо талаб дорем, ки шиканҷаи онҳо қатъ ва фавран озод карда шаванд! Мо аз ҳукумат ислоҳоти сиёсӣ талаб кардем. Аммо ба ваъдаҳои пешину бесамарро доданд. Тағйироти нав лозим аст", - гуфт Оразбой Турсунбой, яке аз роҳбарони эътирозгарон.

Дар вилояти Мангистау аз ибтидои моҳи феврал корпартоии коргарони чанд ширкат бо талаби маоши бештар ва шароити беҳтари корӣ идома дорад. Баъди қисман ва ё комилан қонеъ кардани талабҳо коргарони бархе аз корхонаҳо дубора ба кор баргаштанд.

Ибтидои моҳи январ дар шаҳри Жанаозен баъди якбора боло рафтани қимати гази моеъ сокинон ба эътироз баромаданд. Ибтидо эътирозгарон аз боло рафтани қимати гази моеъ норозӣ буданд, баъдтар талабҳои сиёсӣ садо доданд. Маъруфтарин шиори он эътирозҳо "Пирамард, бирав!" - манзур Нурсултон Назарбоев, президенти пешини Қазоқистон, буд.

Баъди эътирозҳои Жанаозен дар оғози моҳи январ дар шаҳри Алмато ва чандин шаҳри дигари Қазоқистон гирдиҳамоиву бетартибиҳои оммавӣ бо истифода аз силоҳ шуруъ шуданд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки бетартибиҳоро на эътирозгарон, балки террористоне анҷом додаанд, ки аз хориҷ омадаанд. Далели қонеъкунандаи дар ин маврид то кунун нашр нашудааст. Дар натиҷаи он бетартибиҳо 227 кас кушта шуд.

XS
SM
MD
LG