Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи зудҳангом дар Туркманистон. Номзадии Сардор Бердимуҳаммадов пешниҳод шуд


Сардор Бердимуҳаммадов дар ҳоли ҳозир муовини сарвазир ва амалан шахси дувуми Туркманистон аст
Сардор Бердимуҳаммадов дар ҳоли ҳозир муовини сарвазир ва амалан шахси дувуми Туркманистон аст

Бино ба гузоришҳо, писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳурии Туркманистон, ният дорад, барои дарёфтии курсии падараш вориди корзор бишавад. Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола то ин дам дар чанд мансаби давлатӣ, аз ҷумла раиси вилояти Ахал кор кардааст. Интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Туркманистон 12-уми марти имсол баргузор хоҳад шуд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадови 64-сола рӯзи 11-уми феврал, пас аз понздаҳ соли раҳбарӣ, эълон кард, ки мумкин аст ба истеъфо биравад ва роҳро барои ҷавонҳо бикушояд. Бисёриҳо эҳтимоли интиқоли қудрат аз падар ба писарро дар ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ тахмин мезананд.

Сардор Бердимуҳаммадов аз моҳи феврали соли 2021 дар мансаби муовини сарвазири Туркманистон кор мекунад. Яъне, муовини падараш ва амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ аст. Гуфта мешавад, номзадии Бердимуҳаммадови хурдӣ аз тарафи ҳизби ҳокими демократии Туркманистон пешниҳод шудааст. Падараш се дафъа аз тарафи ин ҳизб номзад шуда буд.

Хилофи Қонуни асосӣ?

Бердимуҳаммадови калонӣ аз соли 2007, замони ба қудрат расиданаш (пас аз марги туркманбошӣ, Сафармурод Ниёзов) Туркманистонро бо панҷаҳои оҳанин роҳбарӣ дорад. Муҳлати президентии ӯ бояд соли 2024 ба охир мерасид. Вай ҳамзамон сарвазир аст ва, инчунин, вазифаи раиси Шӯрои Мардумӣ, палатаи болоии порлумони Туркманистонро ба уҳда дорад. Чизе, ки бо Қонуни асосии он кишвар дар “ҷанг” аст.

Коршиносон мегӯянд, таъйини интихоботи зудҳангом ё пеш аз муҳлат низ бо поймол кардани қонунҳои Туркманистон сурат гирифтааст.

Бино қонунҳои Туркманистон, интихоботи пеш аз муҳлат замоне таъйин мешавад, ки агар раисиҷумҳур бо ин ё он сабаб аз уҳдаи иҷрои вазифааш набарояд ва салоҳиятҳояш ба иҷрокунандаи вазифаи президент вогузор шавад. Дар шароити ҳозира раисиҷумҳури Туркманстон ба иҷрои вазифаҳояш идома медиҳад ва салоҳияташ низ ба шахси диагр нагузаштааст.

Илова ба ин, то баргузории интихоботи пеш аз муҳлат камтар аз як моҳ мондааст ва дар бораи номзадҳои дигар (агар вуҷуд дошта бошанд) чизе маълум нест. Рӯшан нест, ки онҳо чӣ гуна метавонанд маъракаи интихоботиро пеш бибаранд.

Сардор Бердимуҳаммадов: Аз ин зина ба он зинаи мансаб

Сардор Бердимуҳаммадов дар солҳои охир чанд бор вазифаҳояшро иваз кардааст. Вай дар гузашта дар мақоми вазири саноат ва сохтмони Туркманистон кор карда, як муддат вакили порлумон низ буд. Ба ҳайси дипломат ҳам фаъолият дошт.

Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Туркманистон ва Академияи дипломатии Маскав буда, соли 2014 рисолаи номзадиашро ҳимоя кардааст.

Фаъолиятҳои сиёсии писари Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2016 шуруъ шуд. Вай чанд моҳ дар маснади волии вилояти Аҳал фаъолият дошт.

Сардор Бердимуҳаммадов ҳамчунин дар мулоқоти байналмилалии раҳбарони кишварҳо ширкат карда, паёми падарашро ба онҳо расондааст. Моҳи марти соли 2018, замоне ки вакили мардумӣ буд, дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона ё Нурсултони имрӯза ширкат кард.

Бо вуҷуди манобеи бузурги табииаш, Туркманистон тайи солҳои охир ба далели мудирияти нодурусти Бердимуҳаммадов дар буҳрони шадиди иқтисодӣ қарор дорад. Дар ин кишвар, ки шахспарастӣ авҷ гирифтааст, нархи хадамоту ғизо боло рафта, баъзе аз маҳсулот, ба монанди орду шакар, камёфт шудаанд.

XS
SM
MD
LG