Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори оддӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ. Фарзандони президентҳо дар ҳукумат


Фарзандони президентҳои феълӣ ва собиқи кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Ба мансабҳои калидӣ таъйин кардани фарзандон ва дар атрофи худ нигаҳ доштани онҳо барои раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дигар як кори маъмулӣ шудааст. Фарзандони онҳо пайваста аз як вазифа ба вазифаи дигар мегузаранд ва бархе ба осонӣ ба балантарин мақом дар ҳукумат мерасанд.

Рӯзи 12–уми феврал Сардор, писари 39-солаи президенти Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, якбора соҳиби ду мақоми давлатӣ шуд. Раиси ҷумҳури Туркманистон, писарашро муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин кард. Вай акнун бахши молияи ҳукуматро назорат мекунад ва муовини падараш шуд. Ӯ ҳамчунин дар Шӯрои амният курсӣ дорад.

Палатаи олии назорат соли 2007 дар соле, ки Бердимуҳаммадов сари қудрат омад, таъсис ёфт. Палата иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба моликияти давлатӣ ва молияро назорат мекунад. Раҳбарони он қаблан ҳам пайваста иваз мешуданд.

Мақоми иловагии муовини сарвазир, ки Бердимуҳаммадови хурдӣ аз худ кард, махсус барои ӯ таъсис дода шудааст. То ин вақт дар ҳукумати Туркманистон чанд нафар дар мақоми муовини сарвазир фаъолият мекарданд. Президент гуфт, ҳадаф аз сохтани мақоми нав беҳтар кардани кори Девони вазирон ва Шӯрои амният аст.

Бо ҳукмронии тӯлонии президентҳои Осиёи Марказӣ, фарзандони онҳо ҳам пай дар пай зинаҳои баланди давлатӣ боло мераванд ва зуд- зуд мансабҳои худро иваз мекунанд. Фарзандони президентҳо бештар ба мақомҳое таъйин мешаванд, ки онҳоро барои ҷойгузин ё вориси падар шудан, омода мекунад.

ТУРКМАНИСТОН - КИШВАРЕ, КИ КАСЕРО БА ҲАЙРАТ НАМЕОРАД

Аз миёни фарзандони раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ чанд нафар мисли Сардор якбора чандин зинаи мансабро ҷаҳида ба курсӣ дар мақомҳои баланди кишвар такя задаанд. Сардор Бердимуҳаммадов дар 5 соли ахир чанд бор вазифаҳояшро иваз кард. Моҳи феврали соли гузашта ӯ дар мақоми вазири саноат ва сохтмони Туркманистон таъйин шуд. Дар мансаби муовини сарвазир, Бердимуҳаммадови хурдӣ масъули рақамисозӣ ва навоварӣ мешавад.

Сардор Бердимуҳаммадов
Сардор Бердимуҳаммадов

Сардор, ки дар чандин вазорату оҷонсиҳо фаъолият кардааст як муддат вакили порлумон ҳам буд. Ӯ ба ҳайси дипломат ҳам кор кардааст. Хатмкардаи Донишгоҳи кишоварзии Турманистон ва Академияи дипломатии Маскав, Сардор Бердимуҳаммадов соли 2014 рисолаи номзадиашро ҳимоя кард ва як сол баъд олими илмҳои техникӣ шуд.

Фаъолиятҳои сиёсии писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аз соли 2016 шуруъ ва исмаш расонаӣ шуд. Вай чанд моҳ дар маснади раҳбари вилояти Ахал фаъолият кардааст. Мегӯянд, ба фарқ аз фарзандони раҳбарони дигари кишварҳои Осиёи Марказӣ, Сардор таҷрибаи мудирияти як минтақаро дорад.

Сардор Бердимуҳаммадов, ҳамчунин дар мулоқоти байналмилалии раҳбарони кишварҳо ширкат карда, паёми падарашро ба онҳо расондааст. Моҳи марти соли 2018, замоне, ки вакили мардумӣ буд, дар ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона ё Нур-султони имрӯза ширкат кард. Дар давоми чанд моҳ, муовини вазири корҳои хориҷа таъйин шуд ва моҳи апрели ҳамон сол дар ҷаласаи Шӯрои вазирони кишварҳои ИДМ, дар Минск ширкат кард. Соли гузашта ба курсии вазири саноат ва сохтмон нишаст.

Аксар коршиносон тахмин мезананд, ки писари президент раиси палатаи болоии порлумон - маслиҳати мардумӣ таъйин мешавад. Барои ин мақом имсол қарор аст, интихобот сурат бигирад. Бар тибқи тағйиру иловаҳои тоза ба Конститутсия, раиси Маслиҳати мардумӣ, пас аз президент шахси дуввум дар кишвар мешавад. Бинобар ин ба гуфтаи коршиносон, аҷаб нест, ки пас аз чанд моҳ Сардор Бердимуҳаммадов аз мансаби муовини сарвазир барканор шавад.

НЕПОТИЗМ Ё ХЕШУТАБОРБОЗИИ ЗИЁД ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар байни раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, президентҳое ҳам ҳастанд, ки аз оилаҳои худ ҷудо шудаанд ва ё бо серфарзандӣ машҳуранд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки вазъи оилавиашон норавшан аст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон - падари 9 фарзанд аст. Соли гузашта писари калонии ӯ Рустами Эмомалӣ раиси палатаи болоии порлумон таъин шуд. Пеш аз расидан ба ин мақом, раиси Федератсияи футбол, раиси Иттифоқи ҷавонон, раиси Кумитаи гумрук буд. Аз инҷо ба ҳайси раис ба Оҷонси мубориза бо коррупсия гузашт ва бо фармони падараш Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе шуд ва соли гузашта мақоми дуввуми кишвар, раиси Маҷлиси миллиро соҳиб шуд.

Рустами Эмомалӣ ва падараш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон.
Рустами Эмомалӣ ва падараш раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон.

Бар тибқи сарқонун дар ҳолати зарурӣ, ӯ метавонад, муваққатан вазифаҳои президентро иҷро кунад. Хоҳари калониаш Озода Раҳмон, ки дар сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон дипломат буд, дар мақомҳои гуногуни вазорати корҳои хориҷӣ кор карда ва сипас ба мақоми раиси Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ расид. Шавҳараш Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст.

Дар таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ тамоми президентҳои муваққат ба ҷуз аз Роза Отунбаева дар Қирғизистон номзадии худро дар интихоботҳои президентӣ пешбарӣ карда, шахси аввали кишвар шудаанд. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳам пас аз Сафармурод Ниёзов бо ҳамин шакл ба сари қудрат омад. Ӯ якбора пас аз мақоми муовини сарвазир президент шуд.

Пас аз даргузашти Ислом Каримов ва баъди он, ки раиси порлумони ин кишвар аз иҷрои вазифаи президент “ихтиёран” даст кашид кард, Шавкат Мирзиёев, муваққатан раҳбари Узбекистон шуд. Баъдан ӯ дар интихобот ширкат карду пирӯз гашт. Аз ин нигоҳ вазъ дар Туркманистону Узбекистон ба ҳам монанд аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин Рустами Эмомалӣ писари 33-солаи Эмомалӣ Раҳмон ва шахси дуввум дар Тоҷикистон тамоми шонсҳо барои президент шуданро дорад.

ИНТРИГА АТРОФИ ЯК НАФАР ДАР ҚАЗОҚИСТОН

Дариға, духтари президенти собиқ Нурсултон Назарбоев, ки ҳамоно ба идораи ҳукумат таъсиргузор аст, тавонист, дар як соли ахир ба мансаби нав гузарад. Пас аз рафтани “шахси дуввуми”- и кишвар ё раҳбари порлумон аз мақом Дарига соли равон дар интихоботи порлумонӣ, узви Маҷлис аз ҳизби ҳокими “Нур Отан” шуд.

Дариға ва падараш Нурсултон Назарбоев
Дариға ва падараш Нурсултон Назарбоев

Ҳадс зада мешуд, ки Дариға Назарбоеваи 57-сола раиси порлумон мешавад, аммо номзадии ӯро ба ин мақом пешбарӣ накарданд. Дар ҳоли ҳозир вай узви Кумитаи маҷлис оид ба ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди минтақа аст. Вале ин ба он маъно нест, ки Дариға Назарбоева, ки бори дуввум аст, вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст, баробари дигар вакилон дар ин мақом мемонад.

ФАРЗАНДОНИ ПРЕЗИДЕНТ САБАБГОРИ ИНҚИЛОБ ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Дар Қирғизистон ҳам, ки аз он “ҷазираи демократия” дар Осиёи Марказӣ ҳам ном мебаранд, фарзандони президент талоши расидан ба қудратро доштанд. Соли 2005 якбора ҳам духтар ва ҳам писари президент Аскар Оқоев, дар интихоботи порлумонӣ номзадии худро пешбарӣ карданд. Интихобот бо эътирози мардум анҷом ёфт ва нооромӣ сар зад.

Дар “Инқилоби лолаӣ” дар ин кишвар даҳҳо нафар фавтиданд ва Аскар Акаев президент фирор карда, дар Русия паноҳ бурд. Дертар писар ва духтари ӯ аз депутатӣ маҳрум шуданд. Нисбати президент Акаев парвандаи ҷиноӣ боз ва ӯ ба дуздии моликияти давлат айбдор шуд.

Одил Тойганов, ки он вақт шавҳари Бермет Оқоева буд, ба қаллобӣ ва фасод гунаҳкор дониста шуд. Тибқи баъзе оморҳо тақрибан даҳ чунин парванда боз шуда буд. Айдар Оқоев соли 2020 бар асари сактаи дил дар Маскав даргузашт. ​

ДОМОДҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ УЗБЕКИСТОН

Духтар ва домодҳои президенти дуввуми Узбекистон, Шавкат Мирзиёев ҳам мансабҳои давлатӣ доранд. Тибқи хабарҳо домоди калонии ӯ, Ойбек Турсунов муовини аввали раиси дастгоҳи президент аст. Ҳамсари ӯ Саида – муовини раҳбари Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсия мебошад.

Духтари дуввуми Мирзиёев, Шаҳноза сардори раёсат дар Вазорати таҳсилоти томактабӣ аст. Шавҳари ӯ, Отабек Умаров - муовини раҳбари Хадамоти амнияти президент аст. Вай ҳамчунин чанд федератсияи варзиширо раҳбарӣ мекунад. Бино бар навиштаи бархе аз расонаҳои Узбекистон, Отабек Умаров “муҳофизи шахсии” президент Мирзиёев аст.

"АЗ НИЗОМЕ, КИ ИДОРА МЕКУНАНД, ХУШБИН НЕСТАНД"

“Ҳар қадаре, ки умри низомҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дарозтар мешавад, раҳбарони кишварҳо ба ҳамон андоза талош мекунанд, қудрати худро қавитар кунанд. Онҳо мехоҳанд ин корро бо ислоҳи конститутсия амалӣ месозанд.” - мегӯяд, Думан Кабдигалиев, коршиноси масоили сиёсӣ.

Вай президенти Туркманистонро мисол меорад, ки талош дорад, писарашро ба худ наздик нигаҳ дорад: “Ман фикр мекунам, ин ду сабаб дорад. Аввал ин, ки онҳо ба кишварҳои ҳамсоя менигаранду аз онҳо ибрат мегиранд. Бердимуҳаммадов мехоҳад, аз таҷрибаи Назарбоев ва Раҳмон истифода кунад. Дуввум ӯ ҳолатеро, ки пас аз марги нобаҳангоми президенти якуми Туркманистон, Сафармурод Ниёзов пеш омад, ба назар мегирад. Эҳтимол сабаби аслӣ ҳамин аст.”

Бердимуҳаммадов тавонист, дар муборизаи пинҳонӣ барои қудрат рақибонашро аз сари роҳ дур кунад. Пас аз марги Ниёзов, чӣ ҳодиса рух дод, барои ҷомеаи Туркманистон ҳамоно асрор мемонад. Аммо кишваре, ки аз нигоҳи иқтисодӣ як давраи бадро аз сар мегузаронд, як зарбаи дигар аз коронавирус дид. Ҳарчанд вуҷуди ин беморӣ дар ин кишвар ҳанӯз расман эътироф намешавад, вале вазъи зиндагии мардум бадтар шуд.

Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, қариб дар ҳамин шароит қарор дорад. Ин ҳама далели он аст, ки раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ғайр аз наздикони худ ба касе эътимод надоранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳама мешавад, бо боварӣ гуфт, ки онҳо ба низоме, ки худашон мудирият мекунанд бо шубҳа менигаранд.

Қуванишбек Қорӣ, аз бахши қазоқии Радиои Озодӣ. Ақидаҳои муаллиф набояд ақидаи Радиои Озодӣ пиндошта шавад.

Шарҳҳоро бинед (18)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG