Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушунати хонаводагӣ бештар шудааст ё камтар? Омори духелаи ВКД ва Кумитаи занон. ВИДЕО


Хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт ё кам шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила, дар як соли охир дар Тоҷикистон "хушунати хонаводагӣ бештар шудааст". Аммо омори Вазорати корҳои дохилӣ, баръакс, аз камтар шудани он мегӯяд. Омори духела рӯзи 14-уми феврал дар нишасти матбуотии раиси Кумитаи кор бо занон садо дод.

Баҳсе. ки дар нишасти матбуотӣ бархост

Дар хабарномаи Кумитаи кор бо занон навиштаанд, ки "ВКД дар соли 2021 дар бораи хушунати хонаводагӣ 3 ҳазору 485 шикоят гирифт". Ин рақам дар муқоиса ба соле пеш аз он 176 маврид камтар будааст.

Аммо Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон, рӯзи 14-уми феврал дар нишсти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт, омори ниҳоди зери раҳбарияш баёнгари он аст, ки "хушунати хонаводагӣ на коҳиш, балки афзоиш ёфтааст". "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила 954 нафар ба мо муроҷиат карданд. Нисбат ба соли гузашта 114 маврид зиёдтар аст," – шарҳ дод ӯ.

Аз раиси Кумитаи кор бо занон пурсида шуд, ки чаро дар мавриди хушунати хонаводагӣ омори аз ҳам фарқкунанда вуҷуд дорад? Ӯ гуфт, "омори ВКД баргирифта аз муроҷити шахсонест, ки ба нозирони минтақавию шуъбаҳои ин ниҳод ба таври хаттӣ мерасанд. Омори Кумита аз сӯи онҳоест, ки шифоҳӣ ба марказҳои машваратии назди ҳукуматҳои маҳаллӣ муроҷиат мекунанд."

Дар Тоҷикистон ба дурустии омори мақомот шубҳаву нобоварӣ вуҷуд дорад ва дар гузашта низ таҳлилгарон борҳо таъкид намудаанд, ки мансабдорон гоҳе талош мекунанд ба хотири нишон додани натиҷаи хуби корашон ҳисоботи аз воқеяят дурро пешниҳод кунанд.

Ҳилолбӣ Қурбонова гуфт, "Кумитаи кор бо занон барои таҳияи омори ягонаи зӯроварӣ дар оилаҳо бо идораҳои дигар ҳамкорӣ дорад, то муроҷиатҳо мутамарказ сурат гиранд", вале маълум нест ин масъала кай ҳал хоҳад шуд.

Равоншинос: "Шикоятҳо ҳамчунон зиёд аст"

Нигина Маҳмадҷонова, равоншиноси тоҷик, рӯзи 14-уми феврал гуфт, дар Тоҷикистон ҳанӯз шумораи занҳое, ки ба хушунати хонаводагӣ гирифторанд, зиёд аст. "Онҳо ҳамаи зулмро тоқат карда, зиндагӣ мекунанд. Шоҳиди муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастем. Мардҳо пайи дарёфти маблағ ба Русия мераванд ва занҳо дар хона мемонанд. Баъзе аз занон аз хушунати хушдоман ва хоҳаршӯяшон шикоят мекунанд. Ҳатто аз ҷониби хусур низ," – афзуд ӯ.

Намояндагони Кумитаи кор бо занон мегӯянд, бо анҷоми маъракаҳои гуногун кӯшиш доранд, пеши роҳи зӯровариро дар хонаводаҳо бигиранд. Дар ин ниҳод таъкид намуданд, ки зӯроварӣ дар оила танҳо марбути занон нест, балки мардон низ аз хушунати занон шикоят кардаанд.

Раиси Кумитаи кор бо занон гуфт, аз омори Вазорати умури дохилӣ бармеояд, ки соли гузашта дар 548 ҳолат мардон шикоят намудаанд, ки занон нисбат ба онҳо зӯровариро раов диданд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG