Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Хуршедаи 25-сола. Модараш мехоҳад, гунаҳкорон ҷазо гиранд. ВИДЕО


Хуршеда Холмруодова

Додситонии шаҳри Турсунзода нисбат ба як зан бо иттиҳоми ба худкушӣ расондани арӯси хонавода парванда кушодааст. Мақомот мегӯянд, Хуршеда Холмуродоваи 25-сола сирко хӯрда, "худкушӣ кард". Модараш бовар дорад, ӯро дар хонаи хушдоман "куштаанд", тарафи дигар инкор мекунад.

Ба зидди Зархол Мустонова, сокини шаҳри Турсунзода, бар асоси моддаи 109-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шудааст. Ин банди қонун аз се то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ба нақли хешовандон, Хуршеда Холмуродоваро 12-уми июни имсол дар ҳоли беҳушӣ ба шифохона бурдаанд. Модараш мегӯяд, духтараш бидуни он ки ба ҳуш биояду ҳарфе гӯяд, дар бемористон ҷон дод. Ҳоло наздиконаш талаб доранд, ки сабаби марги ӯ ошкор ва гунаҳкорон муҷозот шаванд.

Хонавода дар даст танҳо ташхиси тиббиву додгоҳии ҷасадро доранд. Дар ташхис навиштаанд, "дар тарафи чапи қафаси сина ... шикасти қабурғаҳои 5, 6, 7... дида мешавад." Дар ташхис заҳролудшавии бадан бо маҳлули сирко низ тасдиқ шуда, дар бадани Хуршеда ҷойи доштани "хуномосҳо, харошаҳо ва захми сӯхташуда" зикр гардидааст.

Ҳарчанд волидони шавҳари Хуршеда мегӯянд, ӯ бо хӯрдани сирко даст ба худкушӣ зад, падару модараш бовар надоранд. "Прокурор гуфт, духтарат "уксус" хӯрдааст, лекин маълумот намедиҳанд, ки чӣ хел хӯрдааст? Чаро хӯрдааст? Ӯ наметавонад, худаш сирко бихӯрад. Инро ба ӯ хӯрондаанд. Оилаи шавҳараш ба таҳсили ӯ розӣ набуданд ва доим ҷангу ҷанҷол мекарданд, мезаданд", -- иддао кард Тоҷинисо Ашӯрова рӯзи 7-уми сентябр.

Тоҷинисо Ашӯрова
Тоҷинисо Ашӯрова

Хуршеда Холмуродова, донишҷӯйи курси чаҳоруми Коллеҷ ё Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода буд. Ду сол пеш оиладор шуд. Аз ӯ як писар мондааст.

Зархол Мустонова, хушдомани Хуршеда Холмуродова, 7-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба таҳсили арӯси хонавода зид набуданд, "вале гапгардониҳои ӯ гоҳе боис ба ҷангу якдигарнофаҳмӣ мешуд." Вай хушунат нисбат ба Хуршеда Холмуродоваро беасос хонд ва гуфт, намедонад, чаро ӯ худкушӣ кард.

"Агар мо мекуштем, кӯдакашро фикр намекардем? Чӣ хел маҷбурӣ ӯро мекуштем? Дар ошхона сирко хӯрда, ба берун баромад ва ба замин афтод", -- иддао кард Зархол Мустонова.

Зархол Мустонова
Зархол Мустонова

Рӯзи 7-уми сентябр дар Додситонии шаҳри Турсунзода касе ҳозир нашуд, парвандаи марги Хуршеда Холмуродоваро шарҳ диҳад. Як муфаттиш дар суҳбати телефонӣ гуфт, парванда ба зидди Зархол Мустоноваро барои муҳокима ба додгоҳ фиристоданд.

Шавҳари Хуршеда Холмуродова мегӯяд, аз Додгоҳи шаҳри Турсунзода аз онҳо хостаанд, рӯзи 15-уми сентябр ба мурофиа ҳозир шаванд. Вай дар ҳавлияшон ба нигоҳубини писараш банд буд, вале нахост дар баробари дурбин гап занад. Дар суҳбати бе микрофон гуфт, "ӯро (манзур ҳамсараш) панҷ дафъа ба хонаи модараш бурда будам, ки ҷудо шавем. Гапгардонӣ мекард, зиндагӣ кардан намешуд."

Хонаводаи духтар тасдиқ карданд, ки дар пайи ҷанҷолу ҳамдигарнофаҳмӣ духтарашон чанд бор ба хона омада буд. "Мо мехостем, зиндагии якҷоя дошта бошанд, ҷудо нашаванд. Чанд бор пурсида будем, ки агар чораи дигар нест, ҷудо шаванд. Вай мехост, писараш дар назди падар бузург шавад", -- гуфт Тоҷинисо Ашӯрова.

Ҳоло хонаводаи шавҳари Хуршеда ба бегуноҳии худ пофишорӣ доранд. Волидонаш талаб доранд, ки агар мақомот нисбат ба марги духарашон тафтиши мунсифона анҷом додаанд, пас, ҷузъиётро дар ихтиёри онҳо бигузоранд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Модари Хуршеда мехоҳад, гунаҳкорони марги ҷигарбандаш ҷазо гиранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Солҳои охир шикоятҳо аз хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла дар миёни оилаҳои ҷавон, бештар садо медиҳад. Намояндагони баъзе аз созмонҳои иҷтимоӣ мегӯянд, як сабаби мушкили ҷуфтҳои ҷавон "созиш накардани келину хушдоман" аст ва гоҳе бо хушунату куштор меанҷомад.

Хонаводаҳои ҷавон аксаран ба зиндагии мустақилона ва озод аз назорати волидон бартарӣ медиҳанд. Аммо бекорӣ ва шароити бади иқтисодӣ ба онҳо имкон намедиҳад, ки зуд соҳиби хона шаванду зиндагии комилан мустақилонаро пеш баранд.

Тоҷикистон қонуни мубориза бо зӯроварӣ дар оиларо қабул кардааст ва Барномаи давлатии пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023 низ вуҷуд дорад.

Шарҳҳоро бинед (9)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG