Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марди гумонбар ба оташ задани Қуръонро дар Покистон куштанд


Як шаҳрванди Шри-Ланка моҳи декабри соли 2021 бо иттиҳоми таҳқири дини Ислом дар Покистон кушта шуд
Як шаҳрванди Шри-Ланка моҳи декабри соли 2021 бо иттиҳоми таҳқири дини Ислом дар Покистон кушта шуд

Як марди гумонбар ба оташ задани Қуръонро дар Покистон сангсор карда куштаанд. Полиси Покистон рӯзи 13-уми феврал гуфт, ҳодиса дар деҳаи Ханевали вилояти Пунҷоб рӯй дод.

Ҳарчанд маъмурони полис ба ҷойи ҳодиса расиданд, издиҳоми мардум нагузоштанд, ки ба марди гумонбар наздик шаванд. Чандсад нафар гумонбарро бо санг задаанд.

Дар пайванд ба ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, даҳҳо нафарро дастгир шуданд.

Нахуствазири Покистон, Имрон Хон, дар изҳороте тавассути Твиттер гуфт, “ба онҳое, ки қонунро пеши по зада татбиқи адолатро ба дасти худ мегиранд, таҳаммул нишон намедиҳем”. Ӯ афзуд, “куштори худсаронаи инсон аз ҷониби издиҳом бояд бо тамоми ҷиддияташ таҳқиқ карда шавад”.

Тоҳир Ашрафӣ, як намояндаи ҳукумат оид ба ҳамзистии динӣ дар нишасти матбуотие, ки тавассути телевизион намоиш дода шуд, гуфт, ба қавли наздикони марди қурбонӣ, “ӯ давоми даҳ-понздаҳ соли охир дучори мушкилоти равонӣ шуда буд”.

Дар Покистон ҳамлаи издиҳом ба гумонбарон ба куфр зиёд рух медиҳад, аммо ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, ҳодисаҳое кам нестанд, ки ин иттиҳом алайҳи ақаллиятҳои динӣ истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG