Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гази моеъ дар Тоҷикистон арзон шуд


Як нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Як нуқтаи фурӯши маводи сӯзишворӣ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон каме пойин рафтааст. Агар як ҳафта пеш арзиши як литр гази моеъ 7 сомониву 40 дирам буд, пас рӯзи 13-уми феврал арзиши он то 6 сомониву 80 дирам пойин омад. Бархе аз фурӯшандаҳо арзон шудани ин навъи сӯзишвориро ба афзоиши воридоти он аз Қазоқистон рабт доданд. Бештари нақлиётҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва болову пойин рафтани нархи ин навъи сӯзишворӣ ба ҷайби аксар мардуми миёнҳол дар кишвар таъсир дорад.

Соли гузашта нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафта, як муддат аз 8 сомонӣ ҳам зиёд шуда буд. Намояндагони Хадамоти зиддинҳисорӣ сабаби инро борҳо ба баланд рафтани нарх дар бозори ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои содиркунанда рабт доданд. Аммо коршиносон аз ҳузури ширкатҳои монополист суҳбат мекунанд, ки ба вазъи нарху наво дар бозори сӯзишворӣ таъсир мерасонанд.

XS
SM
MD
LG