Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати маориф: Пеш аз фурӯравии бинои мактаб хонандагону омӯзгорон аз бино берун шудаанд. АКС


Акси бинои тахрибшудаи мактаби рақами 31-и ноҳияи А. Ҷомӣ. Акс аз нашрияи "Фараж" истифода шудааст.
Акси бинои тахрибшудаи мактаби рақами 31-и ноҳияи А. Ҷомӣ. Акс аз нашрияи "Фараж" истифода шудааст.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ваъда додааст, ки дар ҷои бинои тахрибшудаи мактабе дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ “дар доираи имконият” синфхонаҳои нав бунёд хоҳад кард.

Нисфирӯзии 11‑уми феврал дар мактаби рақами 31‑и деҳаи Ваҳдати ин ноҳия боми бино замоне, ки хонандагон дар мактаб ҳузур доштаанд, фурӯ рафт.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар хабарномае рӯзи 12-уми феврал гуфтааст, "қабл аз фурӯравӣ тамоми хонандагону омӯзгорон, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва мизу курсиҳо аз бино берун карда шудаанд."

Ба гуфтаи Вазорат, биное, ки бомаш фурӯ рафт, аз шаш синфхона иборат буд ва дар он ҷо “258 нафар хонандагони синфҳои 5, 8, 10, 11 таҳсил мекарданд.” Дар ин ҳодиса як синфхона ва утоқи кории директор хароб шудааст.

Аксҳоро инҷо бубинед:

Ба гуфтаи Вазорати маориф, дар макбаи рақами 31-и ноҳияи Ҷомӣ ба 769 хонанда 34 нафар омӯзгор таълим медиҳанд. Ин бино аз се қисм иборат будааст ва қисме, ки бомаш фурӯ рафт, соли 1957 сохта шуда будааст.

Аз ин пеш, Ҳасан Табаров, мудири маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки омӯзгорон ва хонандагон пеш аз ҳодиса, рехтани хок аз боми мактабро мушоҳида намуда, зуд синфхонаҳоро тарк кардаанд.

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин ноҳия гуфтанд, ки мактаби деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҷомӣ 64 соли пеш сохта шуда буд ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Дар Хатлон, ки калонтарин вилояти Тоҷикистон аст, даҳҳо бинои мактабе вуҷуд дорад, ки дар замони шӯравӣ сохта шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, аксари онҳо ба таъмиру бозсозӣ ниёз доранд, вале даҳ мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, эҳтимоли ҳар лаҳза хароб шуданашон вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG