Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Хатлон бинои як мактаб дар вақти дарс чаппа шуд


Яке аз мактабҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Акс аз соли 2018
Яке аз мактабҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Акс аз соли 2018

Бинои як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар шоҳидии даҳҳо хонандаи мактаб чаппа шудаааст.

Ин ҳодиса пас аз нисфирӯзии 11‑уми феврал дар мактаби рақами 31‑и деҳаи Ваҳдати ин ноҳия замоне иттифоқ афтодааст, ки хонандагон дар мактаб ҳузур доштаанд, вале чанд лаҳза пеш аз хароб шудани бино синфхонаҳоро тарк кардаанд.

Дар ин мактаб наздики 300 хонанда таҳсил мекунад.

Ҳасан Табаров, мудири маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфт, ки омӯзгорон ва хонандагон пеш аз ҳодиса, рехтани хок аз боми мактабро мушоҳида карда, зуд синфхонаҳоро тарк кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, омӯзгорон фурсат ёфтаанд, ки бархе ҳуҷҷатҳои муҳими мактабро низ ҳамроҳи худ берун кунанд. “Се синфхона пурра хароб шудааст ва бино корношоям гаштааст. Мизу курсиҳо ва тахтаҳои бомро аз хок берун мекунанд.”,‑гуфт ӯ.

Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ин ноҳия гуфтанд, ки мактаби деҳаи Ваҳдати ноҳияи Ҷомӣ соли 1957 сохта шуда буд ва дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтанд, хонандагонро барои идомаи таҳсил аз мактаби чаппашуда ба як масҷиде мебаранд, ки чанд соли пеш ғайрирасмӣ эътироф шуда, дарашро баста будаанд.

Дар Хатлон, ки калонтарин вилояти Тоҷикистон аст, даҳҳо бинои мактабе вуҷуд дорад, ки дар замони шӯравӣ сохта шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, аксари онҳо ба таъмиру бозсозӣ ниёз доранд, вале даҳ мактаб дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, эҳтимоли ҳар лаҳза хароб шуданашон вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG