Пайвандҳои дастрасӣ

Курсиҳо ва дару девори шикаста. Ҳоли зори як мактаб дар ноҳияи Муъминобод. ВИДЕО


Мактаби рақами ҳафт дар ноҳияи Муъминобод

Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон мактабе ҳаст, ки ба қавли сокинон "ҳоли зор" дорад ва қисмате аз он ба мисли мактаби куҳнаест, ки Садриддин Айнӣ тасвир кардааст.

Дар мактаби рақами 7 дар Муъминобод ҳаштсад нафар мехонанд ва дар паси се миз, ба гуфтаи хонандагон, гоҳе 13 нафар ҳам менишинанд. Мақомот камбуди мизу курсиро рад намекунанд, аммо мегӯянд, барои сохтмони бинои нави мактаб замин ҷудо шудааст.

Мактаби рақами ҳафтро дар ноҳияи Муъминобод дар даврони Шӯравии собиқ сохтаанд. Аз он замон то кунун натанҳо дару девори мактаб, балки мизу курсияш низ иваз нашудааст.

Мустафо Шомадов, хонандаи синфи ёздаҳум, мегӯяд, "дар синф се миз дорем, ки ҳамааш шикастааст. 13 хонанда дар онҷо менишинем. Баъзан курсӣ намеёбем."

Наворро дар инҷо бинед:

Ҳоли зори як мактаб дар ноҳияи Муъминобод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Падару модарон шикоят доранд, ки рӯзе нест, ки фарзандҳояшон бо либосҳои дарида ба хона наоянд. Онҳо мегӯянд, азбаски мизу курсӣ шикаставу канда шудааст, боиси даридани либоси хонандагон мешавад.

"Як либоси зимистонаро ба 250-350 сомонӣ мехаред. Дар курсӣ менишинанд, мехчааш баромадааст, либосҳояшонро мехарошад ва медаронад. Шароити мусоид надоранд," – гуфт, Ашӯрбӣ Муродова, сокини ноҳияи Муъминобод, рӯзи 17-уми январ.

Ҳоло зиёд шудани шумораи хонандагон маъмурияти мактабро маҷбур кардааст, ки мизу курсиҳои шикастаро худашон таъмир кунанд, вале ба назар мерасад баъзе аз онҳо пурра корношоям шудаанд.

Каромиддин Набиев, муовини мудири мактаб, гуфт, "барои талабаҳои мо мизу курсӣ намерасад. Пешниҳод шудааст ва дар нақша ҳаст. Замин барои бинои нави муассисаи таълимӣ дар поёни деҳа ҷудо карда шудааст."

Мактаб дар ноҳияи Муъминобод
Мактаб дар ноҳияи Муъминобод

Дар Идораи маорифи ноҳияи Муъминобод ҳам гуфтанд, ки дар ноҳия чаҳор мактаб садамавӣ аст ва яке аз онҳо мактаби рақами 7 мебошад. Дар ин идора таъкид карданд, ки синфхонаҳои нав то соли хониши 2022-2023 бунёд карда хоҳанд шуд, аммо сокинон мегӯянд, ба ин ваъда бовар надоранд.

Ҳамзамон посухи ин суол маълум нест, ки сохтмони бинои нав аз кадом ҳисоб оғоз хоҳад шуд? Дар ҳар сурат, то бунёди бинои нави мактаб хонандагони синфҳои ибтидоиро дар чаҳор ҳуҷраи бемористони деҳа ҷой додаанд, дигарон маҷбуранд, ин вазъро таҳаммул кунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор ҳазор мактаб фаъол аст, ки дар онҳо беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Аммо ҳазорҳо хонанда ё мактаби муносиб надоранд ё барои хондан ҳар рӯз чандин километр роҳро пиёда тай мекунанд.

Ҳамоҳангии нокифоя миёни мақомот, камбуди сармоягузорӣ, фасод ва вуҷуд надоштани барномаҳои мушаххасро коршиносон аз омилҳое медонанд, ки бо гузашти се даҳа аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон намегузоранд, мушкилоте чун дастрасии наврасон ба мактаб пурра ҳал шавад.

Шарҳҳоро бинед (35)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG