Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохтмони девор дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон баҳсбарангез шуд


Бунёди девор дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача моҳи ноябри 2021 баҳс барангехта буд
Бунёди девор дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача моҳи ноябри 2021 баҳс барангехта буд

Чанде аз сокинони маҳаллаи Ҳалимбобо дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача (ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд) рӯзи 11-уми феврал аз ҳузури низомиёни Қирғизистон дар атрофи хонаҳояшон ибрози нигаронӣ карданд. Ин деҳа бо Мақсади ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳаммарз аст.

Идораи марзбонии Тоҷикистон вазъро расман шарҳ надодааст. Хадамоти сарҳадбонии Қирғизистон рӯзи 11-уми феврал дар изҳороте гуфтааст, аз як муноқишаи сарҳадӣ дар ин минтақа пешгирӣ шуд.

Муродҷон Ҷӯрабойзода, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъача, дар шарҳи масъала гуфт, ҷониби Қирғизистон дигарбора барои сохтмони девори ҳавлиаш монеъ шуд.

"Вақте дидем, ки чанд сокини Қирғизистон дар наздикии маҳаллаи мо ба сохтмони ҳавлиҳояшон шуруъ карданд, ман ҳам хостам, ин навбат гирди ҳавлиро девор кунам. Боз омаданду ба кори мо халал расонданд," – афзуд ӯ.

Дар наворҳои фиристодаи сокинони маҳаллаи Ҳалимбобо дида мешавад, ки чанд низомии Қирғизистон дар атрофи хонаи онҳо гаштугузор доранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои қирғизӣ ҳам наворҳое паҳн шудааст, ки ду тараф сари сохтмони девор баҳс доранд. Шумори зиёди низомиёну сокинон ва радду бадали тарафҳо дида мешавад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар ин рӯз дар деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлак корҳои сохтмонӣ ҷараён дошт, аммо “15-20 шаҳрванди Тоҷикистон монеи он шуданд”.

Аҳмадҷон Шукуров, раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъача мегӯяд, “вақте сокинони Қирғизистон ба кори сохтмони маҳаллаи мо халал расонданд, якҷоя бо масъулони низомӣ ин масъаларо дар миён гузоштем, ки бояд қоидаро ҳама риоя кунад.”

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, мақомоти ду кишвар бо ҳадафи пешгирӣ аз сар задани низоъ ба хатми корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи марзӣ розӣ шудаанд. “Мардум пароканда шуд. Вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон муътадил аст,” -- гуфтаанд дар Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ин бори аввал нест, ки корҳои сохтмонӣ дар ин минтақа боис ба танишҳои лафзӣ мегардад. Охири моҳи ноябри соли 2021 ҳам сокинони маҳаллаи Ҳалимбобо аз ҳузури зиёди низомиён дар наздикии ҳавлиҳояшон хабар дода буданд.

Сокинон гуфта буданд, ҳузури низомиёни Қирғизистон дар минтақа рӯзи 30-юми ноябр ва пас аз он афзуд, ки Муродҷон Ҷӯрабойзода хостааст, атрофи хонаашро бо девор маҳкам кунад.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Дар охири моҳи январи имсол дар марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз тарафи Тоҷикистон ду тан кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG