Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бастрикин аз Путин хост, қонунгузории муҳоҷиратро дар Русия сахттар кунад


Александр Бастрикин
Александр Бастрикин

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин аз президенти ин кишвар Владимир Путин даъват кард, ки қонунгузории муҳоҷиратро сахттар кунад.

Дар номаи Бастрикин ба Путин дар бораи мушкилоти муҳоҷирон дар Русия ҳушдор дода шудааст, ки "низоъҳои маҳаллии шаҳрвандони хориҷӣ метавонад ба бетартибии дастҷамъӣ дар хиёбонҳо печад".

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, узбекҳо, қирғизҳо, тоҷикон ва "муҳоҷирони хашин" вазъро мушкилтар карда, русҳоро ба ташкили "гуруҳҳои миллӣ" водор намудаанд.

Ба ҳисоби Бастрикин, танҳо дар 11 моҳи соли 2021 шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия беш аз 33,5 ҷиноят содир кардаанд.

Дар номаи Александр Бастрикин дар бораи рӯҳияи ҷомеаи Русия низ гуфта шуда, қайд гаштааст, "шаҳрвандони Русия аз ин ки муҳоҷирон бахши хидматрасонии маиширо "монополия" кардаанд, сахт нигаронанд".

Раиси Кумитаи Русия хостааст, қонунгузории муҳоҷират сахттар карда шавад. Аз ҷумла, корфармо вазифадор шавад, ки ба муҳоҷирон ҷои хобу пули нақлиётро таъмин кунад ва ҳамчунин меҳмонони хориҷӣ аз қайди гемономӣ гузаронида шаванд. Барои нигоҳ доштани мувозинати этнофарҳангии аҳолӣ дар шаҳрҳои калон низ чораҳо андешида шавад.

XS
SM
MD
LG