Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Русия дар ҳаводиси январ "такягоҳ"-и Қазоқистон шуд


Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин.
Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Путин.

Президенти Русия Владимир Путин дар вохӯрӣ бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев гуфт, Москва дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январ "такягоҳи ҳамсоякишвари худ" шуд.

Путин дар ҷараёни ин гуфтугӯ бо Тоқаев, ки дар шаҳри Москва анҷом шуд, аз фарзияи мақомоти қазоқ дар бораи дахолати хориҷӣ ҷонибдорӣ карда, афзуд, "Қазоқистон қурбони кадом як гуруҳи байналмилалӣ шуд, ки аз вазъи дохилии кишвар сӯистифода кард".

Тоқаев низ дар навбати худ бори дигар такрор кард, ки ҳаводиси моҳи январ амалиёти тарҳрезишудаи террористони байналмилалӣ буд, ки мехостанд, сохти конститутсионии Қазоқистонро ба ҳам зада, табаддулоти давлатӣ анҷом диҳанд.

Рӯзи 2-уми январ дар Қазоқистон эътироз дар робита ба боло рафтани нархи гази моеъ оғоз шуд. Рӯзи 6-уми январ эътироз дар Алмато ба хушунат печид. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти ин кишвар гуфт, ки ба Қазоқистон "террористон" ҳамла кардаанд ва аз кишварҳои узви созмони ба раҳбарии Русия - СПАД кумак хост.

XS
SM
MD
LG