Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад, ба ҳалли низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дахолат кунад


Андрей Руденко
Андрей Руденко

“Русия омода аст, ки таҷрибаи бойи худро дар мавриди таъйини хати марз бо Қирғизистон ва Тоҷикистон дар миён гузорад.”

Дар ин бора муовини вазири корҳои хориҷии Русия, Андрей Руденко, дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС изҳори назар кардааст. Вай рӯзи 10-уми феврал гуфт, “мо таҷрибаи бой дорем, бахусус бо ҳамсояи муштараки онҳо – Қазоқистон.”

Руденко таъкид кард, ки вазъ дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар водии Фарғона ноором мондааст ва мояи нигаронии ҷиддии Русия мебошад. “Мо ҳамеша ҷонибдори ҳалли баҳсҳо бо роҳи осоишта ҳастем. Яъне, риояи қатъии созиши оташбас, берун бурдани нерӯҳо ва техникаи низомӣ ва пешгирӣ аз барангехтани кинаю адовати миллӣ, аз ҷумла дар расонаҳо,” – афзудааст ӯ.

Ба қавли Руденко, “то ҳалли мушкили таъин ва нишонагузории марз, такрори муноқишаҳо дар сарҳад аз эҳтимол дур нест.”

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия, инчунин, зикр кардааст, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз майли Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳсҳо дар рӯҳияи ҳамсоядории нек пуштибонӣ мекунад.

Аз 970 километр сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст ва номуайянӣ ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад.

Дар охири моҳи январи имсол дар марзи миёни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон даргирии хунин сар зад ва аз ду ҷониб даҳҳо нафар захмӣ ва аз тарафи Тоҷикистон ду тан кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG