Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони аврупоӣ гуфтанд, барои коҳиши буҳрон муттаҳид мемонанд


Олаф Шолтс, cадри аъзами Олмон
Олаф Шолтс, cадри аъзами Олмон

Раҳбарони аврупоӣ қавл доданд, ки дар ҳадафи худ барои коҳиши таниш миёни Русия ва Украина муттаҳид бимонанд.

Пас аз сафари дурӯзаи худ ба Маскав ва Киев, Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, зимни нишасти хабарӣ дар Берлин бар идомаи "гуфтугӯи қотеъона" бо Кремл барои пешгирӣ аз ҳамлаи Русия ба Украина таъкид кард.

"Мо бояд роҳҳо ва василаҳои муштаракро барои гуфтугӯи қатъӣ бо Русия пайдо кунем," -- гуфт ӯ рӯзи 8-уми феврал дар Берлин пас аз мулоқот бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва президенти Лаҳистон Анджей Дуда.

Садри аъзами Олмон гуфт, ки се раҳбар "бо ҳадафи нигоҳ доштани субот дар Аврупо тавассути дипломатия ва паёмҳои равшан ва иродаи муштарак барои якҷоя амал кардан муттаҳид шудаанд".

Раиси ҷумҳури Лаҳистон ҳам гуфт, ба ин бовар аст, ки метавон аз ҷанг ҷилавгирӣ кард. Анджей Дуда гуфт, "мо бояд роҳи ҳалле барои пешгирӣ аз ҷанг пайдо кунем. Ҳамон тавр, ки гуфтам, дар ҳоли ҳозир ин вазифаи аслии мост. Бовар дорам, ба он даст хоҳем ёфт. Ба назари ман, ончӣ имрӯз аз ҳама муҳим аст, иттиҳод ва ҳамбастагӣ мебошад."

Макрон ҳеч пешрафте барои эълон кардан надошт, аммо гуфт, фикр мекунад, ки гуфтугӯҳои ӯ барои пешгирӣ аз шиддат ёфтани буҳрон мадад кардааст. Вай ба сабру таҳаммул даъват кард ва гуфт, муноқиша бар сари афзоиши нерӯҳои Русия дар наздикии марз бо Украина метавонад, моҳҳо тӯл кашад.

XS
SM
MD
LG