Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати Толибон дар Женева. Мақомоти Швейтсария: Ба маънои эътироф нест


Ҳузури намояндагони Толибон дар нишасти Осло

Ҳайати ҳукумати Толибон ҳамчун намояндаи Афғонистон барои ширкат дар конфронси дуюми кишварҳои кумакрасон ба Женева сафар кардааст.

Пешбинӣ мешавад, ки ҳайати Толибон бо намояндагони Салиби Сурх, ҳукумати Швейтсария ва мақомдорони аврупоӣ дидору гуфтугӯ кунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Швейтсария мегӯяд, ҳузури Толибон маънои онро надорад, ки ҳукумати зери назари ин ҷунбиши тундгарои исломӣ ҳамчун намояндаи расмии Афғонистон эътироф шудааст.

Аз моҳи августи соли 2021, аз замони ба қудрат расидани Толибон, кумак ба Афғонистон боздошта шуда, вазъи башарии ин кишвар бад шудааст.

Созмони ғайридавлатии "Женева Кол" мизбонии ин нишастро, ки паси дарҳои баста сурат мегирад, бар дӯш хоҳад дошт. Ин созмон иброз доштааст, ки дар конфронс кумак ба Афғонистон ва эҳтироми ҳуқуқи башар дар ин кишвар баррасӣ мешавад.

Моҳи гузашта дар Норвегия ҳам як конфронси кумак ба Афғонистон доир шуда, дар он ҳайати понздаҳнафарии Толибон ширкат дошт. Дар поёни он нишаст таъкид шуд, ки пешниҳоди ёрӣ ба Афғонистон бо эҳтироми ҳуқуқи башар ва ба вижа ҳуқуқи занону духтарон ва ақаллиятҳои қавмӣ иртибот дода мешавад.

То кунун ягон кишвари олам ҳукумати Толибонро расман эътироф накардааст.

XS
SM
MD
LG