Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯ барои эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон оғоз мешавад


Музокирот барои эҳёи созиши ҳастаӣ бо Эрон рӯзи 8-уми феврал дар Вена, пойтахти Австрия, оғоз мешавад. Дар ин ҳол, Эрон ҳушдор додааст, ки бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи ин кишвар, “хатти сурх” барои баргаштан ба созиши ҳастаӣ буд.

Амрико эълон кард, ки имкони даст ёфтан ба созиш бо Эрон вуҷуд дорад, аммо чунин тавофуқе бояд фавран анҷом бигирад, зеро Теҳрон тавоноии ҳастаии худро боло мебарад.

Нед Прайс, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 7-уми феврал дар Вашингтон гуфт, созише, ки нигарониҳои ҳамаи тарафҳоро бартараф кунад, дар барномаи музокироти Вена дида мешавад.

Вай ҳамзамон афзуд, агар созиши мавриди назар дар ҳафтаи оянда ба даст наояд, пешрафтҳои ҳастаии давомдори Эрон, бозгашти Амрико ба созиши ҳастаиро ғайримумкин хоҳад кард.

Ин гуфтугӯҳо бо раҳбарии Иттиҳоди Аврупо баргузор мешаванд. Ду ҷониб аз моҳи апрели соли гузашта то кунун ҳашт даври гуфтугӯҳои ғайримустақимро барои барқарор кардани созиши ҳастаӣ баргузор карданд.

Теҳрон дар соли 2015 ин созишномаро бо Амрико, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон имзо кард. Вашингтон се сол баъд аз ин созишнома берун шуд ва таҳримҳои худро бар Эрон дигарбора ҷорӣ кард.

XS
SM
MD
LG