Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳо барои ҳалли буҳрони Украина. Макрон аз Маскав ба Киев рафт. ВИДЕО


Мулоқоти Эммануэл Макрон бо Владимир Путин
Мулоқоти Эммануэл Макрон бо Владимир Путин

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса, пас аз суҳбати дароз бо раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин, дар Маскав рӯзи 8-уми феврал вориди Киев шуд. Ӯ бо мақомоти баландпояи ин кишвар, аз ҷумла президент Владимир Зеленский, гуфтугӯ мекунад.

Ду тараф чӣ гуфтанд ва чӣ шуниданд?

Макрон дар нишасти хабарӣ дар Кремлин гуфт, ба Путин пешниҳоди "кафолати амниятӣ” дод ва раҳбари Русия итминон додааст, ки “ба таъмини субот ва тамомияти арзии Украина мувофиқат мекунад”.

Раисҷумҳури Фаронса дар мулоқот ба унвони раҳбари давраии Иттиҳоди Аврупо иштирок кард. Ӯ гуфт, дар баъзе масоили марбут ба нигарониҳои афзоянда, аз ҷумла афзоиши истиқрори нерӯҳои русӣ дар марз бо Украина, ба иттифоқи назар даст ёфтаанд.

Эммануэл Макрон
Эммануэл Макрон

“Ҷузъи муҳим ва аввалиндараҷаи кор пешгирии фаврӣ аз тавсеаи низомӣ мебошад. Танишҳои афзоянда хатари бадтар шудани тавозуни нерӯ ва суботро дар қора ба миён овардааст. Ин чиз ба манфиати ҳеч кас – на Аврупо ва на Русия – нест, чун мардуми қораи осебдида аз пандемияву вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ташнаи осудагиву оромиш аст, на беназмиву бесуботӣ,” – афзуд Макрон.

Ба қавли Макрон, ӯ ба Путин гуфтааст, эҷоди сохтори нави амниятии Аврупо набояд аз роҳи маҳрум кардани кишвар аз ҳаққи узвият дар паймони НАТО сурат бигирад.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, Русия тахминан 110 ҳазор нерӯро дар марз бо Украина ҷойгир карда, омодааст, то миёнаҳои моҳ бо 150 ҳазор сарбози дигар хоки Украинаро ишғол кунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Кишварҳои ғарбӣ ба Украина кумак мерасонанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:12 0:00

Тарҳи беҳтаре аз созиши Минск нест?

Ба иттилои мақомоти Фаронса, дар ҷараёни гуфтугӯҳо дар Кремл пешниҳоди ҳам Русия ва ҳам Ғарб дар заминаи худдорӣ аз ҳама гуна амали низомӣ, роҳандозии муколамаи нави стратегӣ ва талошҳо барои азсаргирии ҷараёни сулҳ дар шарқи Украина баррасӣ шудааст.

Путин дар посух гуфт, Маскав “тамоми корро мекунад, то як созиши муносиб барои ҳама ҳосил шавад” ва афзуд, чанд пешниҳоди Макрон барои заминагузорӣ дар муколамаҳо атрофи буҳрони Украина ҳам баррасӣ шудааст. Вай баъди гуфтугӯҳо афзуд, “чанд андешаву пешниҳод... барои заминагузорӣ дар иқдомҳои баъдӣ имконпазир аст”.

Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия суҳбатро бо Макрон муфид ва коромад номид, ҳарчанд президенти Фаронса ишора кард, ки ихтилофи назарҳо боқӣ мемонанд. Путин гуфт, баъд аз анҷоми музокироти Макрон бо мақомоти Украина, боз бо ӯ телефонӣ ҳамсуҳбат хоҳанд шуд.

Раҳбари Русия дар ин мулоқот бори дигар гуфт, барои созишномаи амалкунандаи Минск ҳеч гузина ё интихоби дигаре намебинад. Ин созиш солҳои 2014-2015 бо ҳадафи аз байн рафтани буҳрон дар шарқи Украина бо номи формати Нормандия эҷод шуда, ба он Украина, Русия, Олмон ва Фаронса дохил мешаванд.

Дипломатҳо талош карданд, ба шарту созишҳои ин санад нафаси тоза бахшанд. Яке аз ҳадафҳо – ҳалли мақоми минтақаи Донбас дар шарқи Украина аст, ки аз моҳи апрели соли 2015 зери назари ҷудоиталабони рӯ ба Русия мебошад.

Байден гуфт, "ба ин чиз хотима медиҳем"

Дар ҳамин ҳол, президенти Амрико Ҷо Байден дар Вашингтон бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс гуфтугӯи худро дар мавриди буҳрони Украина анҷом дод. Буҳрон атрофи Украина нигарониҳоро дар ду қораи сайёра ба вуҷуд овард.

Ҷо Байден ва Олаф Шолтс
Ҷо Байден ва Олаф Шолтс

Байден ва Шолтс таъкид карданд, ки барои муқобила бо рафтори хашини Русия нисбати Аврупо бо эътимод ва ҳамкорӣ пеш мераванд. Ӯ гуфт, баҳсҳо атрофи бунёди лӯлаи “Северный поток-2”, ки гази русиро ба Олмон интиқол медиҳад, аммо ҳанӯз ба кор сар накардааст, хотима дода мешавад.

Раиси ҷумҳури Амрико нагуфт, ки Иёлоти Муттаҳида чӣ гуна ин андешаро амалӣ мекунад, аммо таъкид кард, ки Олмон ва Амрико омода ҳастанд, дар сурати ҳама гуна ҳамла ҳамроҳ даст ба кор шаванд. Байден танҳо гуфт, агар тонку тӯпҳо сарҳади Украинаро убур кунанд, “ҳеч гуна "Северный поток-2" амалӣ намешавад”. Вай афзуд, “ваъда медиҳам, ки ба ин чиз хотима медиҳем”.

Шолтс ба фарқ аз Байден чунин батафсил суҳбат накард, вале гуфт, Олмон ва Амрико дар сурати ишғоли Русия ҳамроҳ кор мекунанд. Маскав то ҳол батакрор гуфтааст, ки ҳеч нақшаи ҳуҷум ба Украинаро надорад.

XS
SM
MD
LG