Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди Эрдуғон барои миёнҷигарӣ дар муноқишаи Украина ва Русия


Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина аз пешниҳоди Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамтои турки худ барои миёнҷигарӣ байни Киев ва Маскав, истиқбол кард.

Раиси ҷумҳури Туркия, ки рӯзи панҷшанбеи 3-юми феврал ба Украина сафар кард, гуфт, кишвараш "омода аст то нақши худро барои поён додан ба бӯҳрон миёни ду миллати дӯст", ки дар ҳамсоягии Баҳри Сиёҳ қарор доранд, ифо кунад.

Раиси ҷумҳури Туркия, ки робитаҳои наздике бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дорад, гуфт, ки ӯ хушҳол мешавад битавонад мизбони нишасте дар сатҳи раҳбарон ё музокироте дар сатҳи фаннӣ дар Туркия бошад.

Бар асоси гузоришҳо, Владимир Зеленский аз ин пешниҳоди Эрдуғон ва ҳамчунин тарҳи Туркия барои густариши робитаҳои дипломатӣ бо Украина истиқбол кард.

Туркия ва Украина дар ҷараёни нишаст миёни раҳбарони ин ду кишвар чунин созишномае имзо карданд. Аз ҷумла, созишномаи тиҷорати озод, ки Киев мегӯяд, додугирифти тиҷоратиро миёни ду кишвар дар панҷ соли оянда аз 7 миллиард доллар ба 10 миллиард доллар афзоиш хоҳад дод.

Эрдуғон пас аз раҳбарони Ҳоланд, Лаҳистон ва Бритониё охирин раҳбари узви кишварҳои НАТО аст, ки дар авҷи танишҳо миёни Украни ва Русия, аз Киев боздид мекунад.

Ин дар ҳолест, ки музокироти Амрико ва Аврупо бо Русия дар бораи ҷобаҷойии нерӯҳои низомии ин кишвар дар марзҳои Украина нотамом мондааст. Ҳамзамон дар пойтахтҳои аврупоӣ нигарониҳо дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина афзоиш ёфтааст.

Кишварҳои ғарбӣ Русияро муттаҳам мекунанд, ки қасди ҳамла ба Украинро дорад. Маскав бо вуҷуди он, ки беш аз 100 ҳазор нерӯи низомии худро дар марзҳои Украина ҷобаҷо кардааст, ин иттиҳомро рад мекунад.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG