Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҳрони Украина барои Тоҷикистон ҳам оқибатҳои манфӣ дорад? ВИДЕО


Танишҳо миёни Русия ва Ғарб бар сари Украина аз дурии қариб 4 ҳазор километр дар Тоҷикистон ҳам бо диққат пайгирӣ мешавад, зеро ба гуфтаи коршиносон, дар сурати шиддат гирифтани вазъ иқтисоди Тоҷикистон бахусус кору даромади муҳоҷирон осеби ҷиддӣ мебинад.

Русия бо ирсоли 100 ҳазор нерӯи низомӣ ба марзи Украина нигаронии зиёди кишварҳои Ғарбиро ба миён овардааст. Амрико ва бархе аз кишварҳои Аврупо гуфтанд, Маскав қасди ҳамла ба Украинаро дорад, аммо мақомоти Русия батакрор инро рад кардаанд.

“Русия қасди ҳамларо надорад... ”

Дар Тоҷикистон назарҳо ба пешомади таниши нав миёни Русия ва Ғарб гуногун аст. Бархе таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, рӯёруии нави Русия ва НАТО то ҷанг нахоҳад расид, зеро артиши Русия барои ҳамла ба Украина омодагии ҷангӣ нагирифтааст. Коршинос ва муассиси сомонаи таҳлилии “Нуқта” Набӣ Юсупов мегӯяд, дар марзи Украина ҳеч омодагие ба ҷанг нест, балки “Украина ва раҳбарияти он бо шӯрангезӣ нисфи дунёро тарсонданд.”

Ба бовари Набӣ Юсупов, ҳадафи Русия аз ирсоли ҳазорҳо сарбоз ва техникаҳо ба марз як навъ ҳушдор ба Киев аст, ки фикри ҳамлаи навбатӣ ба шарқи ин кишварро аз сар берун кунад ва аз роҳи созишномаи Минск масъаларо ҳал кунад.

Аз соли 2014 ҷудоиталабони рӯ ба Русия дар Донетску Луҳанск бо артиши Украина меҷанганд. Ин ҷанг, ки баъди ғасби нимҷазираи Қрим сар зад, боис ба кушта шудани беш аз 13 ҳазор нафар шуд. Набӣ Юсупов мегӯяд: “100 ҳазор нерӯ барои ҳамла ба Украина кам аст. Чун Украина дар як вақт метавонад 5 миллион нафарро ба артиш сафарбар кунад ва Ғарб ҳам ба онҳо кӯмаки таслиҳотӣ мекунад. Дар ин ҳолат 100 ҳазор сарбоз дар муқобили 5 миллион нафар чӣ кор карда метавонад?”

“Ҳеч тараф ақиб гаштанӣ нест”

Вале бархе дигар аз соҳибназарон дар Тоҷикистон мегӯянд, барои хулоса аз вазъи пешомада ҳанӯз барвақт аст. Далели ин чиз ба гуфтаи хабарнигори тоҷик Баҳманёр Нодиров ин аст, ки ҳеч тарафе дар қазияи ахир намехоҳад гузашт кунад: “Русия талабҳои худро дорад, аз ҷониби дигар Амрико мегӯяд ин талаботҳои шумо бароварда намешавад. Ҳолат ниҳоят ҷиддӣ аст. Лекин гуфтан, ки то ягон ҷанги бузург оварда мерасонад ё не, феълан гуфтан бисёр мушкил аст. Зеро ҳарду кишвар ҳам медонад, ки паёмади ҷанг чӣ хоҳад буд.”

“Оилаҳои муҳоҷирон аз ин вазъ осеб мебинанд”

Мақомоти Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси ахир дар марзи Украина расман вокуниш накардаанд. Аммо бархе коршиносони наздик ба мақомот қазияи ахири миёни Русия ва Ғарбро “намоиши қудрат аз ҳар ду ҷониб” медонанд.

Ба назари Сайфуллоҳ Сафаров, таҳлилгар ва собиқ муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президент, зиддияти Маскав ва Киев муваққатӣ ва ба хотири он аст, ки “НАТО ва амрикоиҳо мехоҳанд, дар инҷо ҷойи пойи худро мустаҳкам кунанд.”

Ҳарсе таҳлилгари ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ иттифоқи назар доранд, идома ёфтани вазъи феълӣ ва ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Русия, ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ хоҳад расонд. Чун Русия мизбони беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик аст ва маблағи онҳо дар иқтисоди кишвар муҳим хонда мешавад. Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, таҷрибаи соли 2014 нишон дод, ки баъди ҷорӣ шудани таҳримҳо иқтисоди Русия чӣ қадар зарар дид ва маблағи фиристодаи муҳоҷирони тоҷик ҳам ба таври чашмрас коҳиш ёфт.

Ба бовари рӯзноманигор Баҳманёр Надиров, ин даъвоҳо аллакай таъсири худро ба иқтисоди Тоҷикистон расондааст. Якбора пойин рафтани қурби рубли русӣ ба гуфтаи Надиров, натиҷаи ҳамин даъвоҳо аст.

“Ду ҳафтаи ахир қурби рубл нисбат ба сомонӣ аз 153 сомонӣ барои 1000 рубл то ба 142 сомонӣ паст шуд. Агар муҳоҷир 10 ҳазор рубл равон кунад фарқияташ назар ба ду ҳафтаи гузашта беш аз 100 сомонӣ кам шуд. Ин 100 сомон барои як оилаи тоҷик маблағи кам нест, чун бо он метавонад 5 литр равған харад,” - афзуд Баҳманёр Надиров.

Тоҷикистон дар ин вазъ чӣ мавқеъ мегирад?

Дар пайи ирсоли 100 ҳазор нерӯи Русия ба марзҳои Украина, паймони низомии НАТО эълон кард, ки ба тақвияти нерӯҳои низомӣ дар шарқи Аврупо барои муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина, идома хоҳад дод.

Тибқи изҳороти НАТО, Дания, Испания, Фаронса ва Голандия барномаи фиристодани нерӯи низомӣ, ҳавопаймоҳо ва киштиҳои ҷангиро ба шарқи Аврупо доранд ва ИМА ваъда додааст, ки ҳузури низомии худро дар ин минтақа тақвият мекунад.

Бархе расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ҳукумати Ҷо Байден мехоҳад 5 то 10 ҳазор нерӯи низомӣ ба ин минтақа бифиристад. Тибқи гузоришҳои дигар, ИМА дар ҳоли фиристодани 8500 сарбози худ ба ин минтақа аст.

Кишварҳои минтақа аз ҷумла муттаҳидони Русия то ҳол дар ин бора мавқеи ошкор нагирифтаанд. Таҳлилгарони ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ дар Душанбе мегӯянд, дар сурати идомаи вазъ ва бурузи ҷанг миёни Русия ва Украина, Душанбе ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба эҳтимоли зиёд аз мавқеи Маскав ҳимоят мекунад. Чун бештари ин кишварҳо аз ҷумла Тоҷикистон аъзои созмонҳои зери нуфузи Русия ҳастанд ва бар асоси ин узвият вазифадоранд, дар сурати сар задани хатар аз Маскав ҳимоят кунад.

Вале паҳлуи дигари масъала ин аст, ки Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як вақт ба кӯмакҳои молии Ғарб ҳам ниёз дорад ва чашм пӯшидан аз ин кӯмакҳо ҳам барояшон осон наметобад. Собиқ муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президент мегӯяд, “Тоҷикистон дар ин масъала бояд тарафдори ҳалли масъала аз роҳи гуфтугӯ бошад.”

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG