Cухангӯи Вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 2-юми январ эълон кард, ки Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА ба фиристодани ҳудуди 2 ҳазор нерӯ ба Лаҳистон ва Олмон мувофиқат кард. Ба иловаи ин, тақрибан ҳудуди ҳазор аскари амрикоӣ низ аз Олмон ба Руминия интиқол дода мешаванд.
Ҷон Карби, сухангӯи Вазорати дифои Амрико дар нишасти хабарӣ гуфт, ки фиристодани ин нерӯҳо дар чанд рӯзи оянда анҷом мегирад, то пойбандии Вашингтон ба ӯҳдадориҳои худ дар баробари муттаҳидонаш дар НАТО дар сурати рӯбарӯ шудан бо ҳамлаи эҳтимолиро, нишон диҳад.
Сухангӯи Вазорати дифои Амрико афзуд, ки ҳудуди ду ҳазор аскар аз пойгоҳи низомие дар Каролинаи шимолӣ ба Лаҳистон ва Олмон фиристода мешаванд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки Вашингтон ба таъмини аслиҳа ба Украина барои дифоъ аз худ дар баробари ҳамлаи эҳтимолии Русия идома медиҳад ва дар сурати рух додани ҳар гуна ҳамла, ҳеҷ неруи амрикоӣ дар хоки Украина вориди ҷанг нахоҳад шуд.
Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки музокироти Амрико ва Аврупо бо Русия дар бораи ҷобаҷойии нерӯҳои низомии ин кишвар дар марзҳои Украина нотамом мондааст. Ҳамзамон дар пойтахтҳои аврупоӣ нигарониҳо дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии Русия ба Украина афзоиш ёфтааст.
Рӯзномаи "Wall Street Journal" низ пеш аз ин гузориш дода буд, ки Ҷо Байден ба ҳадафи тақвияти муттаҳидони аврупоии Вашингтон, дастур додааст, ки "беш аз се ҳазор нерӯи амрикоӣ дар Аврупои шарқӣ" ҷобаҷо шаванд.
Ғарб мегӯяд, беш аз 100 ҳазор нерӯи русӣ дар марзҳои Украина ва Белорус ҷобаҷо шудаанд. Русия гуфтааст, ки нияти оғози даргириро надорад ва моил аст ба талошҳои дипломатӣ барои ҳалли ин таниш идома диҳад.
Сафирони ғарб ба худ савол надоданд, ки агар ин гурӯҳи чинояткор мусаллаҳ намебуд, чӣ гуна афсари Алфа аз синааш кушта мешуд ?
18.05.2022 интернет дар Бадахшон қатъ гардидааст. Яъне ту деҳотӣ дур аз Бадахшон шарҳ навиштӣ, зеро дар Хоруғ мебудӣ шарҳ навишта наметавонистӣ барои, ки интернет қатъ буд. Пас, ту дур аз маҳалли нотинҷ , яъне дур аз хатар ба ҷони худ муаян мекунӣ, ки кӣ мардуми он минтақа чӣ мехоҳад? Ба назар мерасад аз дур ба шурандозӣ машғули
Ина ба ту *свиноферма*. Ин мардуми махалчи худшон намедонанд ки чи мехоханд. Дар хакикат ба кисми зиёди мардум душвор аст, лекин талаботи ин мардум ночо аст. Чиноятпешаора гам натен чи коре хоханд, анчом бтан. Аз пайи ду-се чиноятпеша хестану мардумро сарсон ва чомеаро ноором кардан, корест мутлако хато. Барои бехтар кардани шароити зист, муайё кардани шароити зиндагии арзанда, масъалаи маош ва нафака, ташкили чойои кори митинг кардан арзанда аст.
Ха бие хамаро бархам тим,амниятам,милисаям,вазиру казиру,муалиму,военкомату солдату духтуру ва хоказо..ро,Кабрда дарою хоб рав,ана хамончода гайр аз ту дигар кумита нест!
Durust, boyad hama muvofiqi konun amal kunem. Nashnida boshi agar ina aku bishnav az man ki talaboti mardumi jamomadai Xorugh va kishlokhoi girdu atrof ham hamin ast ki boyad hama az rui konun amal kunem, hej talaboti digare pesh ovarda nashudaast. Baroi hamin yak talaboti ba talabi xdt monand ba sarashon lashkar kashidand...