Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба бахши амнияти Қирғизистон миллионҳо юан кумак мекунад


Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Чин ба Қирғизистон 5 миллион моя ваксинаи зидди коронавирус ва дар бахши амният ба маблағи 50 миллион юан кумак мекунад. Дар ин бора 6 феврал дар ҷараёни мулоқоти раҳбарони Қирғизистону Чин -- Содир Ҷабборов ва Си Ҷинпин хабар дода шуд.

Президентҳои Чину Қирғизистон дар ин мулоқот масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тарҳҳои муштараки ду кишварро ба баррасӣ гирифтаанд.

Си Ҷинпин ба саҳми Ҷабборов дар рушди ҳамкориҳои Чину Қирғизистон баҳои баланд дода, гуфтааст, аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни ду давлат шарикии стратегии кишварҳо тақвият ёфтааст.

Вай афзудааст, ки таҳти раҳбарии Ҷабборов дар Қирғизистон "ислоҳоти бузурги сиёсӣ ва иқтисодӣ" дар ҳоли анҷомёбӣ буда, зидди фасод "муборизаи беамон" бурда мешавад.

"Чин ҳамсоя ва дӯсти боварбахши Қирғизистон буд ва мемонад. Умедворем, робитаҳо ба нафъи мардуми ду кишвар боз ҳам тақвият меёбанд", - изҳор доштааст раҳбари Чин.

Президенти Қирғизистон 4 феврал бо як сафари расмӣ ба Чин рафта буд.

XS
SM
MD
LG