Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Путин ва Ҷинпин дар пайи ҷанҷолҳо бар сари Украина


Владимир Путин ва Си Ҷинпин
Владимир Путин ва Си Ҷинпин

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои чинияш, Си Ҷинпин, дар пасманзари ҷанҷолҳо бар сари Украина, аз Ғарб хостанд, ки аз "бархӯрдҳои идеологии замони Ҷанги Сард" даст кашад.

Ду раҳбар рӯзи 4-уми феврал, пеш аз ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ, дар Пекин мулоқот карданд.

Дар изҳороти муштараки онҳо таъкид шудааст, ки дӯстии ду кишвар "бемаҳдуд аст" ва дар ҳамкориҳо "ҳеч бахши мамнуъ" вуҷуд надорад.

Изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки Русия дар наздикии марз бо Украина беш аз 100 ҳазор нерӯи низомии худро ҷамъ оварда, аз Аврупо кафолат хостааст, ки Киев ҳеч гоҳ ба узвияти НАТО пазируфта нахоҳад шуд.

Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс рӯзи 4-уми феврал ба мувофиқа расиданд, ки дар мавриди пайомадҳои ҳамла ба Украина, ба Русия паёми "равшан" бидиҳанд. Ҷонсон ва Шолтс ҳамзамон гуфтанд, барои коҳиши шиддати авзоъ роҳҳои ҳалли дипломатиро низ меҷӯянд.

XS
SM
MD
LG