Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин


Маросим дар Варзишгоҳи "Лонаи парранда" баргузор шуд
Маросим дар Варзишгоҳи "Лонаи парранда" баргузор шуд

Бозиҳои XXIV-и зимистонаи олимпӣ шоми 4-уми феврал дар Пекин, пойтахти Чин, шуруъ шуда, бо ширкати тақрибан 3000 варзишгар аз 91 кишвар то 20-уми феврал идома хоҳанд кард.

Ифтитоҳи Олимпиадаи зимистона дар Варзишгоҳи «Лонаи парранда» баргузор шуд. Маросимро коргардон Чжан Имоу ба монанди 14 сол пеш (соли 2008 дар Олимпиадаи тобистона дар Пекин) роҳбарӣ кард. Зимнан, он замон намоиши ӯ ба таърихи Бозиҳои олимпӣ ҳамчун яке аз беҳтаринҳо дохил шуда буд.

Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин раҳбарони баъзе аз кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур доштанд. Дар миёни онҳо раҳбарони кишварҳои собиқи Шӯравӣ – Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон – низ буданд.

Аммо баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Австралия ва Амрико бойкоти дипломатии Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекинро эълон карданд ва ба он як қатор кишварҳои дигар низ пайвастанд. Ин ба он маъност, ки намояндагони расмии ин кишварҳо ба Пекин наомаданд.

Сабаби бойкот нақзи дағалонаи ҳуқуқи башар дар лагерҳои бозтарбияи мусулмонон (уйғурҳо, қазоқҳо ва қирғизҳо) дар вилояти Шинҷон гуфта шудааст.

Маросим бо суруди миллии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва барафрохтани парчами давлатии кишвари мизбони Бозиҳо шурӯъ шуд. Пас аз он, мувофиқи анъанаи олимпӣ, парад ё намоиши ҳайатҳои варзишии ҳамаи кишварҳои ширкаткунандаи Бозиҳо, ки яке аз бахшҳои асосии ин маросим маҳсуб мешуд, доир гашт.

Варзишгарон бештар дар дастаҳои мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (222 нафар), Канада (215), Русия (212), Чин (170), Швейтсария (168), Олмон (148), Ҷопон (124), Италия (118), Шведсия (116), Ҷумҳурии Чех (113) ва Австрия (106) ҳастанд.

Вале варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXIV-и зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок намекунанд, зеро ки онҳо натавонистанд меъёрҳои олимпиро барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи соли 2022 иҷро кунанд.

Ба ғайр аз Тоҷикистон, аз байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистонаи соли 2022 Туркманистон ширкат намеварзад.

Паради варзишгарон бо қадамзании мизбонон – варзишгарони Чин – ба поён расид. Президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах гуфт. "Ин рӯйдоди муҳимест, ки ҳамаи мо дер боз интизор будем. Ин воқеае аст, ки баҳри он кумитаи тадорукот пурсамар ва боғайрат меҳнат кард. Ташаккур ба ҳар як нафаре, ки гузаронидани ин Олимпиадаро имконпазир намуд."

Варзишгарон барои 109 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 7 намуди варзиш дар 15 ришта - биатлон, бобслей, кёрлинг, конкитозӣ, лижаронии кӯҳӣ, дуҳарбаи лижаронӣ, пойгаи лижатозӣ, рақси рӯи ях, скелетон, сноуборд, фристайл, ҳоккейи рӯи ях, чанаронӣ, ҷаҳиш бо лижа аз трамплин ва шорт-трек – рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG