Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов дар Пекин масъалаи бунёди роҳи оҳанро матраҳ мекунад


Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон.

Яке аз мавзӯъҳои асосие, ки қарор аст, дар ҷараёни сафари президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Пекин баррасӣ шавад, бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон хоҳад буд.

Дар ин бора сардори шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон Жээнбек Кулубоев хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, Ҷабборов дар ҷараёни сафараш, ки аз 3 то 6 феврал идома мекунад, дар маросими кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар Пекин иштирок хоҳад кард.

Ҳамчунин раҳбари Қирғизистон бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин мулоқоти дуҷониба анҷом дода, масоили марбут ба ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, ва фарҳангиро баррасӣ мекунад.

Ба ҷуз ин, Ҷабборов мехоҳад, дар ин мулоқот масъалаи афзоиши тавонмандии гузаргоҳҳои марзии "Иркештам"-у "Торугарт" ва азсаргирии парвозҳои ҳавопаймо миёни ду кишварро баррасӣ кунад.

Ташаббуси сохтмони роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон дар ибтидои солҳои 2000-ум садо дода буд, аммо аз он замон то кунун ин тарҳ амалӣ нашудааст.​

XS
SM
MD
LG