Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони миллӣ изҳороти як намояндаи ВКД-ро "бепоя" номид


Нишасти аъзои Паймони миллии Тоҷикистон дар Варшава, 5-уми сентябри 2021
Нишасти аъзои Паймони миллии Тоҷикистон дар Варшава, 5-уми сентябри 2021

Паймони миллӣ, эътилофи созмонҳои мухолифини тоҷик дар хориҷа, ба изҳороти як намояндаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон вокуниш кард.

Сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, рӯзи 2-юми феврал Паймони миллӣ ва Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзатро ба тарҳрезии амалҳои террористӣ (дар ҳамкорӣ бо гуруҳи "Давлати исломӣ") муттаҳам намуд.

Вай тафсилот надод, аммо гуфт, соли гузашта дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Ваҳдат чаҳор қасди амали террористиро сабт карданд. Ҳафиззода дар бораи ду амали террористӣ дар соли гузашта низ хабар дод.

Паймони миллӣ ин иддаоро "сохта, беасос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ" номид.

"Мақомоти тоҷик ба ҷойи ҳалли қазияҳое ба мисли Хоруғу Ворух ва мушкилоти иқтисодӣ ҳамеша машғули бадном кардани миллати худ бо тамғаи ифротию террористӣ дар саросари дунё мебошанд," – омадааст дар эъломияи Паймони миллӣ, ки шоми 2-юми феврал нашр шуд.

Бино бар он, "ин гуна иттиҳомоти сохта ва беасоси мақомот алайҳи мухолифини мусолиматомез аз соли 2015 то кунун идома дорад. Аммо на танҳо ҳеч кишвар ва созмону ниҳоди байнулмилалие ин иттиҳомотро қабул накардааст, балки бо ин иттиҳомот чеҳраи диктатории худро бар ҷаҳониён ошкортар мекунанд."

Эътилофи созмонҳои мухолифин ҳамзамон якҷо кардани Паймони миллӣ ва Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро бо гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" бепоя хондааст. Чун, ба қавли масъулонаш, "гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ на танҳо тарзи фаъолияти мухолифини тоҷикро қабул надоранд, балки мухолифинро такфир мекунанд."

Мақомот қаблан низ ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро ба тарҳрезии амали террористӣ муттаҳам кардаанд. Раҳбарони созмон дар хориҷа мегӯянд, дар гузашта айбдоркунии онҳо дар роҳандозии ҳамла ба дучархасаворони хориҷӣ ва посгоҳи марзии “Султонобод” дар Тоҷикистон далели собиткунанда пайдо накарданд.

Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми феврал гуфт, соли гузашта 25 узви гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва зиёда аз 100 узви аъзои Ҳизби наҳзат, Паймони миллӣ ва “Гуруҳи 24” "пушаймон шуда, ихтиёрӣ баргаштанд."

Аммо мухолифин борҳо гуфтаанд, тарафдорони онҳо аз баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русия, рабуда шуда, дар шароити мармуз ба Тоҷикистон оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG