Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду хабарнигори телевизиони “Ориёно” дар Кобул


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кормандони телевизиони "Ориёно"-и Афғонистон гуфтанд, нерӯҳои Толибон бо сабабҳои номаълум ду рӯзноманигори ин шабакаи хусусиро дар шаҳри Кобул боздошт кардаанд.

Шариф Ҳасанёр, мудири телевизиони "Ориёно", 1-уми феврал дар Твиттер навишт, ки Ворис Ҳасрат ва Аслам Ҳиҷоб дастгир шудаанд ва аҳли хонаводаҳои онҳо дар ташвишанд.

Як корманди "Ориёно", ки нахост номаш ошкор шавад, ба хабаргузории олмонии dpa гуфт, 31-уми январ Толибони силоҳбадаст ду корманди ёдшударо дар назди даромадгоҳи ин муассиса боздошт намуданд.

Сухангӯйи раёсати кулли иктишофи маъмурияти Толибон Мавлавӣ Ҳамроз мегӯяд, ду хабарнигор дар боздоштгоҳи ин ниҳод нестанд.

Ӯ афзудааст, наворҳои дурбинҳо нишон медиҳанд, ки афроди низомии савори мошинҳои давлатӣ онҳоро бо худ бурдаанд.

Ворис Ҳасрат муҷрии барномаҳои сиёсӣ ва Аслам Ҳиҷоб муҷрии барномаҳои иқтисодии телевизиони “Ориёно” будаанд. Аъзои оилаҳои хабарнигорони боздоштшуда аз ҳомиёни ҳуқуқ дархост намудаанд, ки дар раҳоии наздиконашон талош варзанд.

XS
SM
MD
LG