Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсии зидди фасод нисбати 600 нафар парванда боз кард. "Ҳеҷ корманди Оҷонсӣ гумонбар нест"


Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт, дар соли 2021 дар Тоҷикистон 2088 ҷинояти коррупсионӣ содир шудааст, ки 885 ҳолати он ба гурӯҳи ҷиноятҳои махсусан сангин дохил мешаванд. Ба иттилои ин оҷонсӣ, соли 2021 дар ҳаҷми 353 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 92 дарсади ин маблағҳо ба буҷаи давлат баргардонида шудааст. Соле аз он пеш ин маблағ 352 миллион сомониро ташкил додааст.

Сулаймон Султонзода рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарии худ афзуд, аксар ҳолатҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони иҷроияи ҳукуматҳои маҳаллӣ – 281 ҳолат, маорифу илм – 139 ҳолат, корҳои дохилӣ – 69 ҳолат, идораи замин – 149 ҳолат, ҳокимияти судӣ – 23 ҳолат, бонкҳо – 281 ҳолат – 157 ҳолат, идораҳои барқтаъминкунӣ – 101 ҳолат, дигар сохторҳо – 216 ҳолат ошкор шудааст. Ба иттилои ӯ, дар пайи таҳқиқи парвандаҳо, 475 парвандаи ҷиноятӣ нисбати беш аз 600 нафар ба додгоҳ рафтааст. Ба пурсиши як хабарнигор дар бораи эҳтимоли содир шудани ҷиноят ва боздошт шудани кормандони худи Оҷонсӣ, як масъули он гуфт, соли 2021 ҳеҷ як корманди ин соҳа дар содир кардани ҷиноят гумонбар нашудааст.

Инчунин соли 2021 дар ҳудуди кишвар 10 ҷиноят вобаста ба дохил шудан ба созмонҳои ифротӣ ошкор шудааст. Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 кормандони ин сохтор 17 ҷинояти вобаста ба муомилаҳои ғайриқонунӣ ҳангоми хариду фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо, тағйири ном дар шиноснома ваё додани пора барои убур аз дидбонгоҳҳои марзӣ ошкор шудааст. Масалан, дар як ҳолат барои тағйир додани ному насаб дар шиноснома 1500 сомонӣ пора дода шудааст ва корманди Сабти ҳолатҳои шаҳрвандӣ боздошт шуд.

Гузориши Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки бино ба гузориши ахири созмони Transparency International ё Шаффофияти Байнулмилал, дар ин кишвар мизони фасод хеле баланд аст. Ин созмон дар гузориши рӯзи 25-уми январаш гуфт, "Аксарият дар Тоҷикистон бовар доранд, ки порагирӣ, азхудкунии пули давлат, сустии ҳукумат барои решаканкунии фасод, хешутаборбозӣ ва мавридҳои дигар аз масоили паҳншуда мебошад." Бар асоси он, Тоҷикистон аз байни 180 кишвару қаламрав дар миёни 30 кишвари дорои бадтарин сатҳи фасод ҷой дорад.

XS
SM
MD
LG