Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комиссияи Аврупо барномаи бузурги кӯмаки молӣ барои Украинаро пешниҳод кард


Мақомоти Украина ва Комиссияи Аврупо. Акс аз бойгонӣ.
Мақомоти Украина ва Комиссияи Аврупо. Акс аз бойгонӣ.

Комиссияи Аврупо барномаи калони кӯмаки молӣ дар ҳаҷми 1,2 миллиард евроро барои Украина пешниҳод кард.

Як сухангӯи Комиссияи Аврупо рӯзи 1-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Бруссел гуфт, "имруз Комиссияи Аврупо барномаи молии калони нав дар ҳаҷми 1,2 миллиард евроро барои Украина пешниҳод кард. Қабули ҳарчӣ зудтари ин пешниҳод аз сӯи Шӯро ва Порлумони Аврупо, ин имконро фароҳам месозад то фавран аввалин бахши ин кӯмакҳо -- 600 миллион евроро ба Украина пардохт кунад".

Сухангӯи Комиссияи Аврупо афзуд, Аврупо бахши дувуми ин кӯмакро пас аз баррасии пешрафти иқдомоти мусбати мақомоти Украина, ба он кишвар хоҳад пардохт.

Ин дар ҳолест, ки бо ҷобаҷой шудани беш аз 100 ҳазор аскари русӣ дар марзҳо бо Украина, таниш байни Иттиҳоди Аврупо ва Русия афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG