Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон 282,2 млн сомонӣ зиёнро фош кард


Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон.
Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон.

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта дар ниҳоду муассисаҳои гуногуни кишвар 282,2 миллион сомонӣ зарарро ошкор кардааст, ки назар ба як соли пеш 30,5 миллион сомонӣ бештар аст.

Масъулини ин ниҳод гуфтанд, ки аз ин маблағ 274,5 миллион сомонӣ ба будҷа ва корхонаҳо баргардонида шудааст. Аз ҷумла, ба гуфтаи мақомоти Палатаи ҳисоб, 108,4 миллион сомонии он ба будҷа баргардонида шуд.

Масъулини ин ниҳод аз ҷумла гуфтанд, дар якҷоягӣ бо мақомоти КДАМ, азхудкунии 6,7 миллион сомонӣ маблағи барқро дар ноҳияи Лахш ошкор карданд.

Дар гузашта шуморе аз кормандони ниҳодҳои мухталиф дар пайи санҷишҳои Палатаи ҳисоб барои чунин камбудиҳо ҷазои маъмурӣ ва моддӣ гирифта, аз кор озод мешуданд. Ин ниҳод аммо ҳанӯз эълон накардааст, ки дар як соли гузашта касе барои зарар овардана ба будҷа муҷозот шудааст ё не.

Палатаи Ҳисоби кишвар расман сар аз соли 2011 ба фаъолият шурӯъ кардааст ва як мақоми олии назорати молиявӣ аст.

XS
SM
MD
LG