Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Шаҳрдори Алмаато аз мақомаш барканор шуд


Бакитҷон Сагинтаев
Бакитҷон Сагинтаев

Бино ба хабарҳо, шаҳрдори Алмаатои Қазоқистон Бакитҷон Сагинтаев аз мақом барканор ва ба ҷойи ӯ Ерболат Досаев таъйин шудааст.

Дар ин бора субҳи 31-уми январ хабаргузории расмии "Казинформ" бо истинод ба ситоди фаврӣ иттилоъ дод. Вале дертар ин хабар аз сомонаи "Казинформ" ҳазф шуд. Сомонаи расмии президенти Қазоқистон низ дар бораи барканории Сагинтаев хабаре нашр накардааст.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи шанбе дар суҳбат бо телевизиони "Хабар-24" гуфта буд, ки "Сагинтаев дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ шахси бовиҷдон ҳаст, аммо ман маҷбур ҳастам, ки рӯҳияи сокинони Алматоро низ ба назар гирам".

​Сагинтаев моҳи июни соли 2019 шаҳрдори Алмато таъйин шуда буд. Ӯ то ин дам дастгоҳи президенти Қазоқистонро раҳбарӣ мекард. Дар гузашта котиби давлатӣ ва сарвазири он кишвар низ буд.

XS
SM
MD
LG