Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон гуфт, вазъ дар марз бо Тоҷикистон ором аст


Байни Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон
Байни Ворухи Тоҷикистон ва Оқсойи Қирғизистон

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки рӯзи 31-уми январ вазъ дар марзи вилояти Бодканди ин кишвар бо Тоҷикистон "ором аст".

Ба огаҳии хадамоти матбуотии вазорат, маъмурони пулиси Бодканд якҷо бо ҳамтоёни тоҷики худ вазъро дар деҳаҳои наздимарзии ду кишвар шабонарӯзӣ назорат мекунанд.

"Бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амният ва пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ дар минтақаҳои марзӣ маҷмуи тадбирҳои лозимӣ анҷом дода мешавад," -- афзудааст манбаъ.

Шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дубора задухӯрди мусаллаҳона миёни марзбонони ду кишвар рух дод. Муноқиша баъди он сар зад, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд.

Мақомоти ду кишвар нимашаби 28-уми январ дар бораи оташбаси комил дар марз хабар доданд. Тибқи ин мувофиқа, ҳарду ҷониб "нерӯ ва техникаҳои изофиро аз марз берун мебаранд, шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро мекушоянд ва дар марз посбонии муштарак ташкил мекунанд".

XS
SM
MD
LG