Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои хонаводаҳои камбизоат дар Қирғизистон барқро арзон карданд


Қимати ҳар кВт/соат неруи барқ барои хонаводаҳои камбизоат дар Қирғизистон аз 77 тин ба 50 тин пойин оварда шуд. Тарофаҳои нав аз рӯзи 1 январи соли 2022 ба иҷро даромаданд.

Арзон кардани неруи барқро барои сокинони камбизоат президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар моҳи декабри соли 2021 дастур дода буд.

Дастури президенти Қирғизистон дар ҳоле содир шудааст, ки он кишвар бо камбуди шадиди неруи барқ рӯ ба рӯ аст. Дар тирамоҳу зимистони кунунӣ оби обанбори Токтогули Қирғизистон ба пойинтарин сатҳ расида, кишварро ба буҳрони энержӣ наздик кардааст.

Барои сарфаи неруи барқ маҳдудият ҷорӣ ва миёни истифодабарандагон рейд гузаронида мешавад.

XS
SM
MD
LG